• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 17.07.202017.07.2020 by ishkoshim

Р у ҳ и я и  э ҳ т и р о м  б а  қ о н у н

                                                                                     «Хоҳӣ, кӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош»

      Ин суханҳои пурмуҳтаворо бузургон беҳуда нагуфтаанд. Зеро ҳаёти инсон, ҳамаи рафтору кирдори ў аз лаҳзаи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш дар чорчўбаи қонун ва меъёрҳои муайян ба танзим дароварда шудааст. Маҳз ҳамин аст, ки аз нигоҳи қонун мо бояд аз лаҳзаи таваллуд, ҳатто пеш аз таваллуд дар таваллудхона номнавис карда мешавем ва баъди тавлид бояд худро ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуд гирем. Аз ҳамин лаҳзаҳо сар карда, ҳаёти мо ба чорчўбаи муайян даромада, то лаҳзаи баъди маргро дарбар мегирад, ки он аз қайди ҳаёт бароварданро фаро гирифтааст.
      Руҳияи эҳтиром чӣ ба қонун, ба волидайн, бузургону муқаддасоти миллӣ сарчашма мегирад аз ҳамон овони кўдакию фазои оила ва таълиму тарбияи кас. Ногуфта намонад, ки ингуна руҳия доштани мо бевосита алоқамандӣ дорад ба таълиму тарбияи ҳар яки мо, зеро ахлоқ ва ҳуқуќқ якҷоя рафтори одамонро танзим мекунад.
         Инсон ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки то ҳаёти хешро хубтар гардонад ва бубинед, дар баробари беҳтар шудани сатҳи зиндагии мо, нигоҳ ба тарзи ҳаёти солим соҳаи қонунгузорӣ низ инкишоф меёбад.
Аз ҷумлаи ин қонунҳо дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва амсоли инҳо, ки қонунҳои зикргардида дар рафти беҳтар шудани сатҳи зиндагии мо қабул карда шудааст.
Ҳангоми руҳияи эҳтиром ба қонун доштан, талаботҳои қонунгузорӣ низ иҷро мегардад, ки иҷроиши онҳо ҳамеша бар нафъи мост.
Лозим ба ёдоварист, ки файласуфи бузург гуфтааст:
«Наҷоти давлатеро дар он мебинам, ки он дар қонун ҳукмрон асту онҳо (одамон) ғуломи авваланд ва фаноёбии давлатеро дар он мебинам, ки онҳо (одамон) ҳукмрон ҳастанду қонун ғуломи аввал».
       Руҳияи паст ба қонун доштан, ин пеш аз ҳама дар паст будани шууру маданияти ҳуқуқии кас мебошад. Омўзиши маданияту шуури ҳуқуқӣ, ки руҳияи эҳтиром ба қонун доштан дар доштани ин гуна шууру маданият мебошад, мебоист ба ҳар шахс дар мактабҳо аз хурдӣ омўзонд ва маданияти ҳуқуқии ҳамагонро бояд аз ин лаҳзаҳо бедор сохт.
      Зеро шуури ҳуқуқӣ, ин маҷмўи тасаввурот ва ҳиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд.
        Бояд дар назар дошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад. Зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷомеаи имрўза шуури ҳуқуқӣ бояд мазмуни ғайримафкуравӣ ва ғайрисиёсӣ дошта бошад. Инсон ба ҳодисаҳои ҳуқуқӣ на аз нигоҳи манфиатҳои мафкураи ҳизбӣ, сиёсӣ, гурўҳӣ ё давлатӣ, балки бо дарназардошти арзишҳои башарӣ бояд баҳо диҳад.
Ба шуури ҳуқуқии дин низ таъсир мерасонад. Зеро одамони дорои эътиқоди динӣ ба ҳуқуқ аз нигоҳи фаҳмиши динӣ баҳо медиҳанд.
Маданияти ҳуқуқӣ бошад, яке аз намудҳои маданияти ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад.
        Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
      Маданияти ҳуқуқии шахсӣ, сатҳи дониши ҳуқуқии шахсӣ, муносибати онро бо арзишҳои ҳуқуқӣ ба қонун ва дараҷаи нишондоди ҳуқуқиро оид ба риояи навиштаҷоти ҳуқуқӣ ифода менамояд. Оид ба маданияти ҳуқуқии шахс аз рўи рафтори ў дар соҳаи ҳуқуқ ва танҳо дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.
       Илова бар ин, ба андешаи бархе аз ҳуқуқшиносон барои руҳияи паст ба қонун доштан, ин сабаб шуда метавонад: сатҳи пасти зиндагӣ; мутолиа накардани рўзномаю маҷаллаҳо; шумораи зиёди бекорӣ (оворагардиҳои беҳуда); ҷаҳонбинии танг доштан (дурандешӣ накардан, аз оқибати рафторҳои худ наандешидан) ва омилҳои дигар. Албатта, бо гузаштани вақт, бо дигаршавии наслҳо, бо таъсири пандҳои хуби рўзгордидагон, ин мушкилиҳо аз байн меравад ва дуруст аст, ки мо бояд ба оворагардиҳо машғул нашуда, аз оқибати ҳар як рафтори худ андеша намуда, барҳақ ба мутолиаи адабиётҳо машғул шуда, ҷаҳонбинии хешро васеъ созем ва эҳтироми хоссае ба қонунгузорӣ дошта бошем.
     Эҳтиром ба шахсият, қонун ва ҳаёти инсон, озодии виҷдон, ҳисси соҳибихтиёрӣ метавонад ба пешрафти кишвари мо ёрӣ расонад. Тараҳҳум, меҳрубонӣ, шарм, пушаймонӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки хусусияти умумибашарӣ доранд, бояд раҳнамои ҳар як шахс дар кору зиндагӣ бошад. Зеро шоири бузурги тоҷику форс Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ишкошим,
ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Бегализода Хайём Ҷумабек

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июл 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Июн   Авг »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 38
  • 13 619
  • 530 384
  • 99 745
  • 76
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet