Воқеан ваҳдат худ мафҳуми муттаҳидӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ буда ҳамеша дар ин ибора симои шодӣ, амну осоиштагӣ ҳувайдо мебошад.
Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навинамон ваҳдат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ҳаёт худ гувоҳ аст, ки солҳои навадуми асри гузашта, таърих бори дигар мо тоҷиконро мавриди озмоиш қарор дод. Баъди зиндагии осоишта ва дар ҳудуди давлати абарқудрати шӯравӣ қарор доштани Тоҷикистон ногаҳон вазъи баамаломадаи сиёсӣ рӯҳияи аксари шаҳрвандонро ба изтиробу шӯр овард.Мардуми аз сиёсат дур ба чоҳи сиёсатҳои нопоки абарқудратҳо афтида, ба ҷангу низоъ, харобу валангор сохтани инфрасохтори муҳими хоҷагии халқ даст заданд.Ҷанги таҳмилие буд, ки метавонистба марги миллат табдил ёбад.
Аз нигоҳи таърих дур нест, ки дар ибтидои даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон аз ҷониби бархе ҷоҳталабону манфиатхоҳон ба сари мардум чи мушкилотҳои сангине оварда шуда як давлати навбунёду тозаистиқлолро ба майдони ҷангу миллат дар ҳоли маҳвшавӣ қарор дода шуд.Халқи тоҷик аз ин ҷанги бародаркуш муҳоҷири хоки дигарон гардидаву дигар ҳеҷ касеро умеди бозгашти сулҳ ба ватан дар лавҳи хотир намонда буд.
Миллати сарҷамъ парешон гардидаву фазоеро, ки садои савту тараб танинандоз буд ҷойи онро садои тиру туфанг гирифта буд.Бо ҳукми тақдир Худованд ба майдони роҳбарии давлати Тоҷикистон марди хираманду оқил Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард. Аз рӯзи нахуст ба сари ҳокимият омадани ин фарзона фарзанди тоҷик ба сари ҳокимият умеди тозаву нав ба ҳаёти оянда ҳувайдо гардид. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал барои сарҷамъ намудани халқи парешонгаштаи Тоҷикистон, хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба иттиҳоду ваҳдат шабонарӯзиҳо талош намуд. Пешвои миллат дар он давраҳои басо душвор ҷони худро барои халқи хеш дар хатар гузошта, чандин маротиба бо неруҳои мухолифин музокирот намуд. Заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек ба оварда 27 июни соли 1997 ҳарду ҷониб ба ризоят омада созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид.
Созишномаи сулҳи мо тоҷикон намунае баро ҷаҳониён гашт, зеро таввасути ақлу хиради солим бидуни силоҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эъмори давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошт. Таърихи навини давлатдориамон ба ҷаҳониён ҳақиқатро собит намуд, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва неруи солиму тавоно буда, қодир аст, роҳи ҳамагуна моҷароро гирад.
Ифтихори ҳар яки мост, ки ваҳдат барои ҳар як хонадони тоҷикистонӣ нуру зиё оварда, сатҳи иҷтимоиву иқтисодии кишвар босуръат рушд намуд, ки пеш аз ҳама оғози бунёди НБО Роғун иншооти азими аср инчунин пайвасти роҳҳои дохилӣ байни се вилояти ҷумҳурӣ далели ҳамин гуфтаниҳост. Ваҳдат барои мо даврони ободкориву созандагиро оварда имрӯзҳо дар саросари кишвар даҳҳо иншоотҳои таъиноташон гуногун ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шудаанд.
Мешавад дунё зи ваҳдат нозанин,
Чунки бошад ваҳдат бақои одамин.
Ман бар ҳар як сокини кишвар даъват ба он менмоям, ки ба қадри ваҳдат расидагӣ намоему ифтихор ба Пешвои миллат намоем, ки соҳибдавлату соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ дорем.Зеро ин ҳама сулҳу субот ва шодмонӣ аз ваҳдат аст.
Номдорӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст,
Комгорӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст.
Бигузор то ҷаҳон бошад, ваҳдати мо ҷовидонӣ бимонад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим Савлатов Ғуломмамад