• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 24.06.202024.06.2020 by ishkoshim

              Ваҳдати миллӣ гарави пешрафти ҷомеа
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигузашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Устод Лоиқ.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз ибтидои солҳои дуҳазорум дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта будаанд: “Аз шаҳрванди оддӣ сар карда, то кормандони идораҳои давлатӣ, аз интихобкунандагони қаторӣ то вакилон ва аъзоёни парламент бояд донанд, ки вазифаи асосии онҳо ин таблиғи бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди ватанпарварӣ ва ватандўстӣ, густариши ғояҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад”.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва мураккаби байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик мебошад, ки моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта, соли 1997 бомуваффақият анҷом пазируфт. Аммо, ин кор бо осонӣ ба вуҷуд наомада буд, зеро тӯли ин солҳо Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоятан ҳам вазнин ва вазъияти хеле мураккаб бо сардори мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷи дуру наздик панҷ маротиба мулоқот намуд ва дар ин гуфтугӯҳо душвортарин масоили муносибатҳои тарафайнро тадриҷан баррасӣ карданд.
Хушбахтона, дар ин раванд дар ҷомеаи мо афкори нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфт. Ҳар як узви ҷомеа дарк намуд, ки то дар хонаи худ сулҳ набошад ва амният барқарор нашавад, то ҷонибҳои даргир силоҳ ба замин гузошта, ба ҷойи он олоти меҳнат ба даст нагиранд, ҳеҷ як кўмаки ҳамсоядавлатҳо вазъи кишвари моро беҳ гардонидан наметавонад. Фурӯ нишондани кинаву адоват, ҳисси бадбинӣ ва ба гузашта салавот гуфтан, ҳамдигарро бародарвор канор гирифтан ва олоти маргборро ба замин партофта, шурӯъ ба бунёдкориву созандагӣ кардан роҳи халосӣ аз вазъияти зуҳуркарда буд ва чунин хушбахтона аҳли миллати мо онро қабул намуданд. Иродаи сулҳофарини халқ зӯровариро ҳамчун воситаи расидан ба мақсад беқурб гардонд.
            Бояд садоқатмандона ва боифтихор гуфт, ки нақши Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таъмини сулҳи деринтизори мо, ризоияти миллӣ, ривоҷи ҷунбиши пуриқтидори халқӣ чун Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон равшан гардида буд, имрӯз ин амали боҳамоӣ чун қутбнамои фаъолияти ҳамагон эътироф шудааст ва эътибори қавӣ пайдо намудааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар ин масир шахсе лозим буд, ки ғамхори халқу миллат бошад. Хушбахтона, чунин шахсияти мунаввар ёфт шуд. Он чеҳраи нуронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсе буданд, ки дар кӯраи ҳаёт обутоб ёфта, дар назди хосу ом обрўю эътибори зиёд доштанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои ташкилшудаи тоҷикон рӯ ба завол монда буданд, дар тӯли бештар аз ҳазор сол миллати тоҷик гарчанде рӯ ба таназзул ниҳода буд, аз маҳшавӣ эмин монда буд, то ба истиқлолияти милливу давлатӣ омада расид.
Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.
              Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳбоварии даҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро Рўзи ваҳдати миллӣ – Иди ваҳдат эълон намуда, он ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
            Дар мудати 23 сол Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонда, боровар гардид, вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро дар назар гирифтан, тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ ҳифзи он аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ, вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони самтҳои гуногун маҳсуб мешавад.
          Айни замон Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо карда, пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегарданд.
                                                                                                                                                    Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ишкошими ВМКБ,
                                                                                                                                                    ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Бегализода Хайём Ҷумабек

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июн 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Май   Июл »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 90
  • 14 168
  • 530 933
  • 99 797
  • 19
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet