• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 22.06.2020 by ishkoshim

                                                                                                     Ҷомеа ва ҷавонон
             Дар даврони давлатдории навини кишвари азизамон Тоҷикистон бисёр санаҳо ва рӯйдодҳои муҳим сабт гардидаанд, аз нигоҳи дигар метавон қайд намуд, ки ҷомеаи кунунии ин ҷомеаи ҷавонон мебошад. Яъне теъдоди зиёди нерӯи кишварамонро дар ҳамаи соҳаҳо ҷавонон ташкил медиҳанд, ки раванди фаъолияти онҳо дар самтҳои бунёдкориву созандагии Ватан бараъло ҳис карда мешавад. Мақсад аз он аст, ки ҳанӯз аз оғози марҳилаҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба самти ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус равона гардида буд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд.
Айни замон барои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон шароитҳои мусоҳид фароҳам оварда шудааст. Дар иртибот ба ин масоил метавон қайд намуд, ки ҷавонони ноҳияи Ишкошим зодаи даврони истиқлол ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, пайваста кӯшиш баҳри пешрафт ва ободии ҷомеа доранд. Инчунин кирдорҳои номатлуб ва доғдорро қотеъона маҳкум намуда, то ба ин имрӯз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонони ноҳия ба гуруҳҳои хусусияти тероризм ва экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дошта ба қайд гирифта нашудаанд. Лозим ба зикр аст, ки сатҳи маълумотнокии ҷавонони ноҳия фоизи мусбиро нишон дода, ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғули кор мешаванд.
Боису фахру шодӣ аст, ки ҷавонон дар навбати худ муаррифкунандаи халқу миллат ва давлат буда, ҷавонони мо дар зарфи 29 сол бо маҳорат ва дониши худ Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон муррифӣ намуда истодаанд.
Бо тадриҷ таъғир ёфтани вазъияти геополитикӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир аз ҳар як мо тақозо менамояд, ки худогоҳву миллатшинос ва инсондӯст бошем.
                     Зуҳурот ва амалҳои тероризм ва экстремизм ва ифротгароии динӣ ба қишри ҷомеаи ҷавон бе таъсир набуда, бархе аз ҷавонони кишварамон ба ин гуруҳҳои нангин ҳамро гардида истодаанд. Пӯшида нест, ки ҷавонони ноогоҳ ва манфиатхоҳ ба доми макру фиреби аъзоёни гӯруҳҳои терористӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ интернетӣ ба гӯруҳҳои хатарзо шомил гардиданд.               Бархе аз онҳо қурбони ҷангҳои бемантиқи Сурияву Яман ва Ҷумҳури Исломии Афғонистон шудаанд. Ин тоифа мардум нафаронеанд, ки носипос ба падару модар, Ватан ва арзишҳои волои он буда, дар роҳи ҷаҳолат қадам мондаву даст ба ҷиноят задаанд. Тарих худ гувоҳ аст, ки миллати фарҳангсолор ва соҳибтамаддуни тоҷик дар умқи таърихии худ ба зидди давлатҳои ҳамсоя ҳеҷ гоҳ лашкар накашидаанд. Дар ҳар як давраи таърихии худ ба халқу миллат содиқу вафодор мондаанд.
Ба ҳамаи ҷавонони кишвар рӯ оварда даъват ба он менамоям, ки мо бояд ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ худ сипосгузор бошем. Тероризму ифротгароӣ ва фарҳанги бемантиқи дигар манотиқҳоро пайравӣ нанамоем.
Зеро мо як модар, як Ватан дорем ки номаш Тоҷикистон аст.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва
варзиши ноҳияи Ишкошим Давлатқадамов Раҳмиддин

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июн 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Май   Июл »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 37
  • 13 618
  • 530 383
  • 99 744
  • 14
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet