Дар суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, барои пешгирии бемории сироятии короновирус ба ҳолати 09 июни соли равон 62455,48 сомонӣ аз ҷониби кормандони идораву муассисаҳо ва алоҳида ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ноҳия Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад қарор дорад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавирус саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.