Поёни шаби сиёҳ сафед аст..
(роҷеъ ба масоили паҳншавии бемории сироятии коронавирус)
Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар халқу миллатҳои ҷомеаи ҷаҳон аз вазъи баамаломадаи яъне бемории сироятии коронавирус дар изтиробанд.
Дар кишвар имрӯз баъзе гуруҳои манфиатхоҳ ва ҳангомаҷӯён аз вазъияти ба амаломада истифода намуда тариқи шабакаҳои интернетӣ расонаҳои хабарӣ маълумотҳои дуруғ ва даҳшатангезро пахш менамоянд ва бо ин роҳ мардумро дар таҳлука мемонанд.
Ин амали бехирадона манфиатҳои хешро ба роҳ монда, бархе барои даромад, иддаи дигар барои пайдо намудани обрӯ ин корро байни мардум равнақ медиҳанд.
Миллати тоҷик миллати фарҳангсолор буда, ҳамеша бо ақлу заковат ва дониши худ ба ҳама чиз ғолиб омадааст.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар ҷомеа мубориза бо душмани ноаён рафта истодааст, ки силоҳи он фақат риояи гигиенаи шахсӣ, муҳофизати саломатӣ ва иҷрои тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари хуруҷи беморӣ дар кишвар моро боз аз ҳарвақта бештар муттаҳиду наздик намуд.Зеро кори саховатмандиву эҳсонкорони ҳамватанон маънии ҳамин гуфтаниҳост. Воқеан имрӯз мисраҳои Саъдии бузургро дар ҳаёт бо чашми худ мебинем:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Имрӯзҳо ҳар як тоҷикистонии ватандӯсту миллатпарвар тариқи расонаҳои итиллотӣ барои мубталоён шифои комил таманно доранду барои ниёзмандон дасти сахо дароз намуда истодаанд. Ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарвар кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки то ин беморӣ аз ҷомеа зуд нест гардаду мардум ба ҳаёти муқарарии худ баргарданд.
Бовар дорам, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии табибон ва мутаҳидии ҳар яки мо ба мақсад ноил хоҳем гашт.
Ба қавли шоири бузург:
Ба ҳангоми сахтӣ машав хоҷа навмед,
К-аз абри сиёҳ борад борони сафед.
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим Азораев Сироҷ