Ҷавонон ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир
Яке аз қазияҳои умда ва мубрами имрӯзу фардои ҷаҳони муосир,ки мавриди омӯзиш, таҳлил ва чораҷӯйӣ қарор дорад, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстемистиву террористӣ ба шумор меравад. Масъалаи мазкур қазияи ҳалталаби рақами 1 дар тамоми ҷаҳон шуморида шуда, сарони тамоми кишварҳои дунёро водор сохтааст, ки пайи дарёфти чораҳои фаврии пешгирӣ ва бартараф намудани чунин ҷараёну равияҳои номатлуб андеша намоянд. Вазъи ноороми як қатор давлатҳои Ховари миёна ва давлати ҳамҷавори мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Президенти кишварро ба ташвиш гузошта, Ҷаноби Олӣ барои пешгирии роҳ ёфтани аломатҳои ифротгароӣ як қатор чораҳои фаврӣ андешида, тамоми тоҷикон ва тоҷикистониёнро даъват менамояд, ки хурду бузург дар ин ҷода андеша намуда, барои пешгирии он масъул бошанд ва дастоварди муқаддасро, ки сулҳу амну амонӣ аст аз даст надода ҳифз намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумиҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд, ки “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амну амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундагароӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан тарбия намоянд. Яке аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эълон гардидани соли 2016 – соли мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ буда, дар ҳамин асос Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 № 776, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020” ба тасвиб расида, “Нақшаи амалҳо” барои амалишавии он матраҳ гардида, дастраси тамоми мақомотҳо, идораву муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гардид.
Алҳол шаклҳои зиёди экстремизм маълум аст, ки паҳншудатарини онҳо ин экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошанд.
Тибқи таҳлилҳо ва мулоҳизаҳо хатарноктарини онҳо ин экстремизми сиёсӣ, ва динӣ мебошанд, ки экстремизми динӣ дар мақоми аввал меистад.
1 Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди гуруҳои этникӣ, миллатҳо, нажодҳо буда, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ва ҷисмонии онҳо мебошад.
2 Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, хушунат ва бадбинии пайравони мазҳабҳои дигар, кӯшиши решакан кардан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
3 Эксртемизми наврасон ва ҷавонон – аз рӯи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, адоват ба гуногунандешӣ, таҷовуз ва куштор, бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеъият пешниҳод менамояд.
4 Экстремизими зиддиҷаҳонишавӣ – рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои СММ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита нисбати ташкилотҳо ва ширкатҳои трансмиллӣ ва дигар иттиҳодияҳои характери ҷаҳонишавӣ дошта.
5 Экстремизми ахолқӣ – таҳаммулнопазирӣ нисбат ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор. Намунаи он риоя накардани одоби сухан, истифодаи суханони қабеҳ ҳангоми муошират, пайравӣ ба намуди зоҳирии ғайр, пӯшидани либосҳои бегона(ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон), риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ, расму таомулҳои миллӣ мебошад.
6 Экстремизми сиёсӣ – бо мақсадҳои ғаразноки худ аз тамоми шаклҳои номбаршудани экстремизм истифода мебарад ва дар шакли хавфноктарин чун шӯриш, балво, ҷангҳо, таркишҳо, кушторҳо хотима меёбад.
Ҳар як аз ин ҳаракатҳо дорои хусусиятҳои худ мебошанд, аммо дар ҳар кадоми онҳо зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, кушторҳои бераҳмона мавҷуд аст. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунии рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Сабабҳои пайдоиши ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористӣ инҳо мебошанд;
– сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ (омили аввал);
– дар сатҳи паст қарор доштани имкониятҳои моддӣ;
– ҷараёни сусти корҳои идеологӣ;
– камбудиҳои ҷиддӣ дар тарбияи оила (омили дувум);
– поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ – мазҳабӣ ва этникии аққалиятҳои миллӣ ва гуруҳои этникӣ;
– зӯроварии бевосита ва ба воситаи давлатҳои мутараққӣ нисбати кишварҳои аз ҷиҳати тараққиёти иҷтисодӣ дар сатҳи паст қарор дошта;
– дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
– фаъол гардидани таблиғгарони динии давлатҳои хориҷӣ;
– ҷой доштани проблемаҳои ҷиддӣ дар байни ҷавонон;
– усули зархаридӣ.
Чуноне, ки дар боло қайд намудем, экстремизми динӣ хатарноктарини ин ҷараён ба ҳисоб рафта, рӯз то рӯз доман паҳн намуда истодааст ва мисоли инро мо дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Либия, Яман, ҳоло бошад таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади он дида мешавад. Дар айни ҳол созмонҳои экстремистии “Ал-Қоида”, “Толибон” , “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут- таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гуруҳи – 24” маълум ҳастанд, ки аз имкониятҳои худ ва дастгири молявии давлатҳои манфиатҷӯ истифода намуда сафи худро зиёд намуда истодаанд. Таҳдиди дигари осоиши тамоми мамолики Ховари миёна ин гуруҳи ҷинояткори террористӣ бо номи давлати исломии Ироқу Шом мебошад, ки тақрибан солҳои 2016 аз созмони террористии “Ал – Қоида” ҷудо шуда, дар як муддати кутоҳ қаламрави бузургеро дар Ироқу Сурия ишғол намуданд. Ин гуруҳ дар қаламрави таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода мехоҳад, ки хилофати исломиеро, ки дар ибтидои зуҳури ислом вуҷуд дошт, барқарор намоянд ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид карда , дар қаламрави он меъёрҳои шадиди исломи ибтидоиро(меъёрҳои ҳуқуқӣ аз рӯйи ақоиди шариати ислом, аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум намудани ҷинси зан аз рӯйи принсипи дин пинҳон, зар пинҳон , зан пинҳон, барҳам додани макотиби олии дунявӣ ва танҳо таълими динии шаҳрвандон, бисёрникоҳӣ ва аз 12 солагӣ муқаррар намудани синни никоҳ барои ҷавондухтарон, усулҳои асримиёнагии ҷазои ҷиноятӣ аз қабили; бар бадани урён бо чуб ва қамчин задан, дар офтоби сӯзон нигоҳ доштан, буридани гӯш. бинӣ, ангушт ва дастон, бо оҳани тафсон сӯхтани бадан, бо анбӯр кандани нохун, рехтани рағани тафсон ба тори сар, сангсор, ба дор кашидан ва ғайраҳоро) ҷорӣ намоянд. Дар харитаи бо ном “Давлати исломӣ” тамоми Осиёи Марказӣ, ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд бо номи “Хуросон” дарҷ ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд , ҳадафи ин гуруҳҳои ҷинояткор қарор мегиранд. Бинобар ин худи мафҳуми ҷавонон ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо бояд мавриди таҳлил, хулоса ва ҳадалимкон мариди чораҷӯӣ қарор гирад. Ҷавонон ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошад, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои иҷтимоӣ, равонӣ, биологӣ вобастагӣ дорад. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисмҳои ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо ақидаҳои манфӣ тез қабул карда мешаванд. Зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар онҳо ақидаҳои радикалӣ ташаккул меёбад. Дар аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаҳои идеологӣ, оқибатҳои мудҳиш, зарари ҷисмонии худ ва дигар хусусиятҳои манфии ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва зери таъсири шиорҳои баланд, фирефтаи пул ва ҳилаю найранги ин гуруҳҳо мемонанд.
Омили дигар, ки ба шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мегардад, ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ ба психологияи ҷавонон таъсир расонида, тарафдорони худро зиёд намуда, ба ҷиҳод ва ҷанг даъват намуда, ваъдаҳои фардои биҳиштро талқин намуда, даҳҳо нафар одамони гумроҳро ҷавонмарг месозанд. Дар вазъияти кунунӣ, ҷавонон, бинобар сабаби синну соли онҳо ва хусусиятҳои иҷтимоию психологӣ, аз як тараф, дорои шавқи бузург ва дилгармианд, вале аз тарфи дигар аксар вақт онҳо мавриди ваҳм, калавишҳо, шаклдигаркунии шуур ва рафтори худ қарор доранд бинобар ин омилҳо ба он оварда мерасонанд, ки ҷавонон туъмаи қувваҳои гуногуни харобиовари дорои унсурҳои экстремистӣ мегарданд. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хело ба осонӣ зери таъсири омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ мегардад. Ва аз ҳама паҳншудатарини он ин таъсироти идеологияи динӣ мебошад. Минтақаҳое, ки дар он ҷойҳо фанатизими динӣ зиёд аст, на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ метавонанд ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноӣ шомил мегарданд. Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон нисбати ҷавонон чунин иброз доштанд; “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳомтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”.
Ба хотири ҳамин шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расони дашуд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва Китобхонаи миллӣ бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шуд. Имруз зиёда аз 12 ҳазор ҷавонони болаёқати тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил менамоянд. Дар дохили кишвар бошад, зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон маълум гардид, ки алҳол дар мамлакат 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, мавриди баҳрабардории наврасон ва ҷавонон қарор дорад. Ҳамзамон Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар ҳар як деҳа ва маҳаллаи аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як толор ва як майдончаи варзишӣ бунёд карда шавад. Аммо новобаста ба кӯшишу дастгириҳои давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани онҳо ба мушоҳида расида истодааст. Имрӯз дар ҷавонон ташаккул додани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амну осоиши ҷомеа, пешрафти ирӯзу фардои давлат ба шумор меравад.
Тибқи Фармони Перзиденти мамлакат “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” хурду бузурги кишвар новобаста аз мавқеи ишғолкардааш дар ҷомеа барои ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои ифротгароӣ масъул мебошад.
Дар охирсухан чанд пешниҳод дар масоили ҳалли қазияи насли ҷавон барои пешгирии аломатҳои сар задани равияҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ;
– ташаккули механизми таҳлили ифротгароии ҷавонон, дарёфти усулҳо барои пешгирӣ ва нест намудани он;
– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
– вусъат додани ҳамкории мақомотҳои давлатӣ, қудратӣ бо ҷавонон.
– омӯзиши фарҳанги истифодаи шабакаҳи иҷтимоии интернетӣ дар зинаҳои миёнаи таҳсилот;
– таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ доир ба мушкилоти ҷавонон.
– баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– ҳамоҳанг сохтани қувваҳои сохторҳои ҳивзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– пурзӯр намудани корҳои идеологӣ дар байни ҷавонон;
– эҳё, бунёд ва рушд додани мафкураи ягонаи миллӣ ҳамчун шакли асосии идеологияи ҷамъиятӣ;
– бунёд, рушд ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон;
– ҳавасманд намудани ҷавонон барои иштирок намудан дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ.
Муродмамадов И.Н – мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД и ноҳияи Ишкошим.