• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 01.04.202001.04.2020 by ishkoshim

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист. Арҷ гузоштан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати ҷавонон, ташвиқу тарғиби меҳнату ҳаёти солим, беҳтар гардидани ахлоқи ҳамида, инчунин ба дарки худшиносиву худогоҳӣ, бузургдошти мероси ниёгон, аънанаҳои нек ва ифтихор ба пешрафту шукуфоӣ мусоидат менамояд.
Халқи тоҷик ин иди муътабару муқаддасро бо шаҳомати хос таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ниятҳои неки худро ба Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Қобили қайд аст, ки ҳамаи суннату оинҳои наврӯзӣ маъно ва сарчашмаи бузурги ахлоқӣ ва иқдом ба сӯи бунёдкориву созандагӣ мебошанд.
Мардуми ишкошимзамин дар қатори дигар ҳамватанон иди Наврӯзро ҳанӯз аз давраҳои пеш ҳамчун рамзи нек, оғози пурфайзи сол, расму суннатҳо ва оинҳои нек, дуои хайру эҳсон таҷлил менамуданд. Омад – омади ин ҷашни пурифтихор синаҳоро аз кибру ғурур, танҳоро аз кина, дидаҳоро аз адовати сол тоза мекунад. Одамон барои хонадони якдигар, хешу табор, ёру дӯстон, хонаободӣ, рӯзгори нек ва бахту саодатро орзу менамоянд. Нигоҳи гарму тоза, рухсори гулгуни наврӯзӣ ва гуфтани “Шогуни баҳор муборак” маънои ҳамин гуфтаҳост. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Наврӯзи имсоларо мардуми ноҳияи Ишкошим бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Зеро дар таҷлили ҷашни Наврӯзӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ва муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Субҳиддинзода Баҳриддин иштирок доштанд.
Ҳайати расмӣ ва меҳмононро дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Вранг, деҳаи Ямг истиқбол намуда, сипас ҳайати расмӣ ва меҳмонон ба самти базмгоҳи Наврӯзии сатҳи ноҳиявӣ, ки дар маркази Ҷамоати деҳоти Вранг ташкил карда шуда буд ҳаракат намуданд. Ҳайати расмӣ ва меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.Тибқи расму оини наврӯзии мардуми ноҳия маросими ҷуфтбаророн доир гардид, ки ҳайати расмӣ ва меҳмонон ба назди бобои деҳқон омада, нахуст раиси раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба замин тухми гандум пошиданд.
Дар мавриди баргузории ҷамъомади тантанавии Наврӯзӣ раиси ноҳияи Ишкошим, муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ташрифи меҳмононро ба базмгоҳи Наврӯзии сатҳи ноҳиявӣ самимона шодбош намуданд.
Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Субҳиддинзода Баҳриддин ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ҳамаи сокинони ноҳияи Ишкошимро ба Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику муборакбод намуданд.
Дар арафа ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз аз фонди захиравии раиси ноҳияи Ишкошим ба 24 нафар шаҳрвандон кӯмаки яквақтаи маблағӣ расонида шуд. Инчунин туйи 14 нафар тифлон ва ду ҷуфт туйи навхонадорон доир карда шуд.
Ҳамзамон аз тарафи идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ба ниёзмандон кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд, ки дар маҷмуъ 23880 сомониро ташкил медиҳад.Барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони ноҳияи Ишкошим муҳтавои тантанаи ҷашнӣ буда писанди меҳмонон ва ҳозирин гардид.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (797)
  • Эълонҳо (1)
Апрел 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Мар   Май »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 73
  • 6 863
  • 575 101
  • 106 273
  • 40
  • 824
  • 0
  • 12.06.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet