Ватандӯстӣ асоси ватандорист.
Дар солҳои охир баъди ба таври муназзам фаъолият намудани тамоми шохаҳои низоми давлатдорӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба Ватан ва ватандӯстӣ зиёд шуда истодааст. Омили мазкур хурсандибахш буда, нияти неки мардумро барои афзудани ифтихори миллӣ, ободкориву созандагӣ таҷассум менамояд.
Ҳамаи мо дарк менамоем, ки ватандӯстӣ ин баландтарин ҳиссиёт, беҳтарин арзиши маънавие мебошад, ки дар он муҳаббат ба Ватан, ғамхорӣ барои манфиатҳои вай, омодагӣ ва истодагарӣ барои муҳофизати марзу буми он аз душманон ифода ёфтааст. Ватандӯстӣ яке аз ҷузъҳои муҳимтарини мустақилият ва нерӯи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта давлате, ки дар он ватандӯстӣ ба ҳадди баландтарин инкишоф ёфтааст, мағлубнопазир мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ сару садоҳое баланд шуда истодаанд, ки одамони барои инкори давлатдории алоҳида, даст кашидан аз арзишҳои маънавию фарҳангии миллӣ даъват менамоянд. Аммо инкишофи ҷомеа аз форматсияҳои ҷамоаи авлодӣ, қабилавӣ, феодалӣ нишон медиҳад, ки инсоният дар давоми ҳазорсолаҳо аз авлод ба қабила, аз қабила ба миллату ҳудудҳои алоҳида бо забону фарҳанг ва расму одатҳои худ тақсим шуда, дар замони ҳозира давлатҳои дорои имарзу буми муайянро ташкил медиҳанд. Мутаасифона ин раванди ба давлатҳои муайян тақсимшавиро ба қафо гардонидан ғайриимкон буда, кӯшишҳо дар ин самт боиси тағйиротҳои фалокатбори геополитикӣ мегарданд. Новобаста аз ҳамаи ин мо қодир ҳастем, ки бо саъю кӯшишҳои беғаразона ва софдилонаи худ ҳисси ватандӯстиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор намуда, асрҳои аср нигоҳ дорем. Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ватандӯстӣ набояд аз сохти сиёсӣ, ҳудудҳои ҷойгиршавӣ вобаста бошад. Чуноне, ки таърихи давлатдории мо нишон медиҳад, фақат дар давоми як асри охир халқи тоҷик чун халқият дар ҳайати Аморати Бухоро, чун миллат дар Вилояти Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистони ҳайати Узбекистон зиста, аз соли 1929 давлати алоҳидаи худ – Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва аз соли 1991 Ҷумҳурии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро барпо намуд. Аммо дар ҳамаи ин давраҳо бояд эътироф кард, ки миллати тоҷик тавонист, ки новобаста аз шаклҳои давлатдорӣ ҳуввияти миллӣ, забон, фарҳанг ва ахлоқии худро ҳифз намуда, барои ояндагон интиқол диҳад.
Миллати мо бо сарнавишти қаҳрамононаи худ, исбот намуд, ки ватандӯстӣ ин муҳаббат эътирофи арзишҳои ташаккулёфтаи миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба хотира ва қаҳрамониҳои ниёгон, эътирофи меҳнати шуҷоатмандонаи коргарон деҳқонон, шоирону нависандагон, арбобони давлат, варзишгарону ходимони соҳаи фарҳанг, лашкаркашону низомиён мебошанд. Ватандӯстӣ барои мардуми мо боварӣ ба худ, ва дигар ватандӯстгон, ҳифз намудани давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар худ ҳадаферо барои барои забт кардани дигар кишварҳо намепарварад. Ватандӯстии халқи тоҷик инчунин муҳаббат ва хайрхоҳӣ, дӯстию рафоқатро нисбати дигар миллату халқиятҳо ифода намуда, мутаасифона на ҳама миллату халқҳои ҳамҷавор ин ниятҳои беғаразонаи моро ба таври мусовӣ истиқбол менамуданд. Аз ин рӯ мо бояд аз чунин муносибатҳои ғаразноки давлату халқҳо ба гурӯҳҳои манфиатҷӯ хулоса бароварда, баҳри мустаҳкам намудани обрую нуфуз ва нерӯю иқтидори давлатамон ҳамарӯза кушиш ба харҷ диҳем. Ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва дар навбати худ барои аз байн бурдани яке аз зуҳуротҳои манфии миллати мо, яъне маҳалчигӣ мусоидат менамояд. Маҳалчигӣ оғози солҳои 90-ум ҳастии миллат ва давлатдории тоҷиконро зери хатар монда, аз сари нав мутеъи бегонагон мекард. Аммо хиради азалии Сарвари давлат ва иродаи созандаи халқ бо ҳам омада, бо ватандӯстии бемислу монанд, пойдории мамлакатро таъмин намудаанд.
Инчунин ватандӯстии аз ҳад зиёд набояд барои зуҳури боз як падидаи номатлуб милатчигӣ замина гузорад. Таърих нишон медиҳад, ки миллатчигӣ боиси паст рафтани нуфуз ва эътибори ин ё он давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гашта, барои ваҳдату якдигарфаҳмии миллату халқиятҳои дохили он низ хатари зиёд дорад.
Ватандӯстии тоҷикӣ ин хусусияти асосиест, ки ба манфиати миллӣ, фарҳангӣ, ахлоқию маънавии тамоми халқиятҳои сокинони ҷумҳурӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ ҷавобгӯ мебошад. Зеро ки ин ватандӯстӣ аз фитрати олӣ, хайрхоҳона, соддаю хоксорона ва беғаразонаю дар айни замон далеронаю шуҷоатмандонаи халқи мо зуҳур ёфта, бо арзишҳои волои фарҳанг ва адабиёти ҳазорсолаи оламшумули форсу тоҷик қоим шудааст. Ин омил дар тамоми давраҳои ташаккули инсоният бо давлатдории Куруши Кабир, сулолаҳои Сосониёну Сомониён, Ғуриёну давлатдориҳои навини миллати мо исбот шуда, барои бисёр давлату халқҳо намунаи олии давлатдорӣ ва барои мо мояи ифтихор аст гаштааст. Миилати мо инчунин бо корнамоиҳои Спитамент ва Деваштич, Темурмалику Восеъ, Нусратуллои Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони фарзонаи худ исбот намуд, ки дар ҳасоситарин лаҳзаҳои таърих бо ватандӯстии бемислу монанди худ, баҳри ҳифзу амнияти манфиатҳои миллии худ ба по хеста, арзишҳои волотаринашро нигоҳ дошта метавонад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти миллию забонӣ, мазҳабию забонӣ, фарҳангию ҳизбӣ, бояд кӯшиш намоем, ки ҳисси тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан насли наврасро барои пос доштан ва ҳифз намудани Ватани азизамон раҳнамун созем. Ва чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: “Тоҷикистон кишвари ҳамаи мову шумо, якто ва беҳамтост, он ватани гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагони мост. Биёед сарзамини худро эҳтиёт кунем, ҳар гиёҳу бутта, ва ҳар ваҷаб хоки он бояд барои мо азиз бошад”. Ва ин аст намунаи олии ватандӯстию ватандорӣ.
Паҳлавоншанбиев С – мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим