Воқеан қадршиносӣ низ ба ҳар як кас муяссар намегардад. Дарк намудан ва ба қадру манзалати худшиносӣ, ватаншиносӣ ва инсондӯстӣ расидан яке аз хислатҳои муҳими инсонӣ арзёбӣ мегардад. Бузургон ва соҳибмаърифатони миллатамон вобаста ба қадршиносӣ ва арҷгузорӣ дар осори гаронарзиши худ тавассути ҳикоёту ривоёт ва тариқи шеър ин чизро хуб қаламдод намуданд. Дар иртибот ба мавзӯи мазкур худ шоҳиди ҳол ҳастем,ки мо дар як ҷомеаи биҳиштосо ва амну осоиштаи Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорем.Бояд қайд намуд,ки имрӯз рафтори баъзе шахсони ноогоҳу қадрношинос касро ошуфтахотир менамоянд. Маҳз дар қиболи ингуна афрод меҳр ба Модар – Ватан ва таъриху фарҳанги миллат заррае ҳам вуҷуд надорад. Яъне имрӯз ҷавонони зиёде ба ҳайси муҳоҷир аз ватан берун рафтаву дар майдонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ теша ба решаи миллат давлат мезананд. Боре ҳам андеша намекунанд, ки дар куҷо тавлид ёфтаву нахуст кадом замин онҳоро дар баҳри худ гирифта буд, ё ин ки дар зери кадом фазо нафас кашидаву оби кадом диёрро нӯши ҷон намудаанд. Рафтори ин афрод бо навишатҳои худ ба ҷузъ таҳқир ва худнамоӣ дигар чизе беш нест. Инчунин иддаи дигари ҷавонони мо зимни истифодаи бемайлони сомонаҳо ба гурӯҳҳои таблиғотии ДИИШ ва ифротгаро ҳамчун моҳичае ба шасти саркардаҳои гурӯҳои осебпазири ҷомеаи ҷаҳон меафтанд. Ошкор аст, ки ҷавонони беандеша ва сабукфикр, ки имрӯзҳо дар майдонҳои ҷанги Сурияву Ироқ ва Афғонистон рафтаанд, онҳоро низ бо шеваи қадрношинос метавон ном бурд. Албатта ин ҷавонон худро ба дарёи марг андохта, бехабар аз қисмату тақдири худ мебошанд. Зеро онҳо дар ҳавои пул ва сарват хиёнати нобахшидани ба халқу миллат ва давлат намудаанд ва абадуддаҳр гуноҳи онҳо нобахшиданист.
Касро имрӯзҳо ҳоли зори тифлаконе, ки волидайнашон дар гурӯҳҳои экстремисти – террористӣ шомил гардидаву бе ҳеҷ ваҷҳ ҳалок шудаанд, ба гиря меоварад. Зеро беандешагӣ ва хиради тираи ингуна афрод кӯдакони безаволро бармаҳал ҷудо аз меҳру навозиш намудааст. Ин намунаҳои бисёр равшан нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ чунин амалҳо яъне гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои хатарзо барои ҷомеа ва насли ҷавон бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ ба ҳамаи ҷавонони шарафманди Тоҷикистон рӯ оварда даъват бар он менамоям, ки дар якҷоягӣ бар зидди ҳамагуна зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм мубориза бурда нагузорем то ин ки ин ваҳшонияти асри миёнагӣ дигарбора ҷавонони моро ба ломи худ кашад. Зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пайваста ба насли нав, бахусус ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар диққати махсус дода, қайд намуданд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”.Пас мо ҷавононро зарур аст, ки таҳти ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амал намуда, ҷавҳари қадршиносиро дар мадҳи аввал гузошта баҳри шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси ноҳияи Ишкошим Азораев Сироҷ.