• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 07.02.2020 by ishkoshim

             Худшиносии миллӣ як рукни муҳими бунёди давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллист. Омилҳое, ки ин аломатро дар ниҳоди ҷомеа ва афрод ба вуҷуд меоваранд, гуногунанд. Аз донишандӯзии шахсӣ то муносибати эҳтиромонаи давлат нисбат ба шахс ҳамагӣ ба ин раванд таъсирҳо доранд. Дар ин паноҳ амалҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат, ки ба дастовардҳои миллӣ, таърихи ғанӣ, фарҳанги миллӣ, арзишҳои умумиинсонии аҷдодон такя мекунад, аҳамияти махсусро касб менамояд. Дар кишвари мо ин сиёсат тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ, қабули қонунҳои ахлоқӣ ва тарғибу ташвиқи пойдории фарҳанги миллӣ ва динӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамаи мову шумо медонем, ки мероси таърихӣ воситаи тарбияи худшиносии миллӣ ва заминаи бунёди давлати миллӣ мебошад. Маълум аст, ки тайи солҳои истиқлолият бо ибтикори нуктасанҷона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чандин ҷашнҳои таърихӣ, 1100- солагии давлатдории Сомониён, бузургдошти 2700 – солагии китоби Авасто, 3000 – солагии фарҳанги зардуштӣ ва соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 1150- солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҷлили ҷашни 1300 – солагии Имоми Аъзам (Абӯҳанифа), 800 – солагии Мавлонои Рӯмӣ ва ғайра ҷашн гирифта шудаанд. Диққати Пешвои муаззами миллат асосан ба баланд бардоштани васли арзишҳои таърихӣ буд.
Амал ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати мо аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон то ба имрӯз маҳз ба ҳамин рисолат бахшида шудааст. Маҳз оғӯши кушодаю дили соф ва беолоиш нисбат ба фарзандони миллат буд, ки халқи тоҷик тавонист дар атрофи дастархони сиёсӣ муттаҳид шаванд. Бояд донист, ки ташаббуси эшон дар ин ҳолатҳои вазнин то ба имрӯз дар ин самт ба осонӣ ба даст наомадааст. Мушкилию нофаҳамиҳо, ғаразу кинаҳо ва хуни рехтаи бегуноҳон, ки бо амри қасосу такаббури он солҳо то рафт завлона мезад, ба нестии миллат таҳдид мекард. Аммо ин абарқудрати майдони сиёсат ҳама чизро қурбон намуда, сулҳу ваҳдатро боло гузошта, қадршиносии фарзандони миллатро болотар аз ҳама донист.
Мо тоҷикон ба он мефахрем, ки устодони забардасте мисли Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хисраву Умари Хайём, Саъдии Шерозиву Хоҷа Ҳофиз,Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиву Шайх Аттор, Камоли Хуҷандиву Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода дорем. Андешаву гуфтаҳои онҳоро, ки то имрӯз мақоми хешро нигоҳ дошта омада истодаанд, пайравӣ намуда, манзалату аҳамияти онҳоро ба дигарон фаҳмонида диҳем. Аз ин хотир, пеш аз ҳама, тафаккури зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан – модар, дур аз бегонапарастиву таасуби динӣ ва созмонҳои ифротгаро, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон ва дар ин раванд инкишоф додани ҳушёрии сиёсии онҳо вазифаи фарзии ҳар як шаҳрванд ва сокини кишвари азиз аст.
Гузаштагони мо роҷеъ ба худогоҳиву худшиносии миллӣ, ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, дурӣ аз бегонапарастиву кибру ғурур суханҳои ҷозибадоре гуфтаанд, ки ҳеҷ гоҳ арзишҳои волои худро гум нахоҳанд кард.
Дар чунин маврид устод Айнӣ дар очерки таърихии худ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” бо камоли эҳтироми ватандорӣ, муҳаббати бепоён нисбати Ватан – Модар овардааст, ки вақте миёнбанди қаҳрамони миллат-Темурмаликро мекушоянд, аз байнаш як каф хок ва хатчаеро меёбанд ки, чунин навишта буд :

Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Дар замони муосир тезутунд шудани муносибатҳои геополитикӣ дар байни давлатҳои абарқудрат боиси ривоҷ ёфтани ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро гардидааст. Чунин ҳизбу ҳаракатҳое, ки тамоюли динӣ доранд,бевосита аз тарафи давлатҳои манфиатдор маблағгузорӣ карда мешаванд. Ин маблағгузорӣ ба он оварда мерасонад, ки аз як тараф камбизоатон ба сафи онҳо шомил мегарданд, аз тарафи дигар харобиву костагии фарҳангӣ чун занҷири оҳанин онҳоро сӯи хеш мекашад.
Пастии фарҳанги динӣ ифротгароиву терроризмро ба майдон меорад, ки ба андешаи мо ҳамин торикиву ғуборолудӣ, беандешагиву нопокии ирода танҳо дар тафаккури сусту нопоки нимчамуллоҳо мушоҳида мегардад ва халқ онҳоро хеле хуб эҳсос кардааст. Мо бояд ҳамеша сатҳи ҳушёриву сиёсиамонро такмил диҳем. Бегонае, ки ӯро намешиносем, бо вай сарукор нагирем. Барои мисол агар бо аҷнабие (хориҷӣ) ё як ришдори ҷавони 20-22-сола дучор гардад, ӯро насанҷидаву надониста “нури дида тоҷи сар” мехонем. Шояд душманони миллати мо солҳои 90 – уми асри гузашта аз ҳамин хубии соддалавҳонаамон истифода бурда, ба якдигар дастбагиребонамон карда бошанд. Ҳоло мо дар даруни доирае ҷой дорем, ки аз чор тараф муносибатҳои геополитикӣ хурӯҷ карда, ашхоси зиёдеро ба коми худ фурӯ мекашанд ва метавонанд, ки суст тафаккуронро ба доми ифротии худ ҳамроҳ намоянд. Дар ин маврид ақл ва ҳушёрии сиёсиамонро ба кор бояд бурд, ки хайрхоҳу одил ва дилдодаи ифротӣ нашавем, зеро ин ба он оварда мерасонад, ки мо қасди ҷони худ ва дигаронро дорем.
Мо бояд ҳамеша тафаккури худро бо фарқ кунии дӯст аз душман, ростгӯйиву ростқавлӣ, дурӣ ҷустан аз ҷараёнҳои зишту беадолату ифроту террористӣ такмил диҳем, то касе натавонад моро ба доми нопоки худ фурӯ кашад. Кӯшиш кунем, ки масъулияти имондориву виҷдонии хешро бо масъулияти ватандорӣ пайванд диҳем, то ин ки рисолати хешро дар назди миллату сарзамин бо сари баланду виҷдони пок ва андешаи созанда ба ҷо орем. Дӯст доштани Ватан низ аз имондорист ва набояд фаромӯш кард, ки миллату Ватану имон се такягоҳи ҳар инсони соҳибдил дар ин марҳилаи рушди Тоҷикистон аст.

М Мирзоев – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (797)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 53
  • 6 362
  • 574 600
  • 106 253
  • 127
  • 824
  • 0
  • 12.06.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet