• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 07.02.2020 by ishkoshim

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
РАЁСАТИ МОЛИЯИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ВМКБ
ноҳияи Ишкошим, кӯчаи А. Набиев – 21, тел: 8 (3553) 21.6.59, 8 (3553) 21.6.23 (факс), 8 (3553) 21.0.63;
__________________________________________

Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон барои соли 2019» – ро ба роҳбарӣ гирифта, дар асоси Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Стратегияи нави сиёсати молиявӣ дар доираи барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 кӯшиш ба харҷ дода, ба мақсади таъмини иҷроиши нақшаи даромадии буҷети маҳаллии ноҳия дар 12 моҳи соли ҷорӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, маблаггузории хароҷоти буҷети маҳаллиро пеш аз хама аз рӯи моддаҳои ҳифзшавандаи буҷет таъмин намуда, кормандони Раёсати молияи ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин мулокоти Пешвои миллат бо кормандони макомоти молия андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ сармашки кори худ намуда, барои иҷрои онҳо чораҳои мушаххас андешид. Дар навбати аввал саъю кӯшиш ба он равона гардид, ки ба қарздориҳои пардохти музди меҳнат, ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда роҳ дода нашуда, дигар чорабиниҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ маблағгузорӣ гардидаанд.
Буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим ба ҳолати 1 – уми январи соли 2020 аз рӯи андозу даромадҳо дар маҷмуъ ба андозаи 98,4 % – и нақшаи пешбинишуда таъмин гардид. (нақша 31 358 903 сомонӣ, иҷро 30 844 938 сомонӣ), аз ҷумла; аз ҳисоби андозу даромадхои худӣ 100,5 % (нақша 4 654 700 сомонӣ сомонӣ, иҷро 4 677 518 сомонӣ), мусоидати молиявӣ (субвенсия) 97,9 % (нақша 26 071 764 сомонӣ, иҷро 25 534 981 сомонӣ), аз ҳисоби бақияи озоди сари солии буҷети маҳаллӣ 100% (нақша ва иҷро 476 639 сомонӣ) барои ҳисоббаробаркуниҳо бошад аз тариқи буҷети вилоят маблағи 155 800 сомонӣ ҷудо гардид, аз ҷумла: барои пардохти фарқияти маблағи музди маош ва фонди иҷтимоӣ вобаста ба муассисаҳое, ки дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, маблағи 150680 сомонӣ, барои пардохти кӯмаки давлатӣ ба кӯдакони мубталои вируси норасогии масунияти бадан маблағи 4 620 сомонӣ ва барои пардохти идрорпулии Раиси вилоят барои хонандаи беҳтарин маблағи 500 сомонӣ пардохт гардид.
Ба ҳолати 1 – уми январи соли ҷорӣ нақшаи андозу даромадҳои худӣ аз рӯи сарчашмаҳо дар алоҳидагӣ ба маблағи 208 261 сомонӣ ноиҷро монд, ки ин аз ҳисоби андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба буҷет ворид нагардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 маблағи 16 220 сомонӣ ё 15,0 % кам ба буҷет ворид гардид. Мавриди зикр аст, ки сол то сол воридшавии маблағ аз ҳисоби ин намуди андоз ба буҷет кам шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷамъоварии ин намуди андоз аз тарафи маъсулин суст ба роҳ монда шудааст.
Дар асоси моддаи 264 Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, объектхои андозбандӣ бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдор на зиёда аз 1 маротиба дар 5 соли тақвимӣ инвентаризатсияи пурраи шумораи воситаҳои нақлиёт гузаронида шавад. Аз ин рӯ Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Нозироти андози ноҳияро зурур аст, ки шумораи аниқи воситаҳои нақлиёт барои нақшабандии нақшаи андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва сабабҳои иҷро нагардидани ин намуди андоз ба Раёсати молияи ноҳия пешниҳод намоянд.
Нозироти андози ноҳия дар маълумотномаи пешниҳоднамудааш зикр менамояд, ки андози иҷтимоӣ дар ин марҳилаи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 97,9 %-и нақшаро ташкил дод, (нақша 6 020 000 сомонӣ, иҷро 5 822 414 сомонӣ), аз ҷумла: буҷетӣ 93,9 % (нақша 5 230 000 сомонӣ, иҷро 4 912 269 сомонӣ), ғайрибуҷетӣ 115,2 % (нақша 790 000 сомонӣ, иҷро 910 145 сомонӣ).
Ҷамоатҳои деҳот нақшаи андозу даромадҳои худиро дар ин давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 97.9 – % таъмин намуданд, аз ҷумла: Ҷамоати деҳоти Зонг 96,3 %, Ҷамоати деҳоти Вранг 95,5 %, Ҷамоати деҳоти Птуп 103,5 %, Ҷамоати деҳоти Шитхарв 93,8 %, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков 100,1 %, Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ 100,8 % ва Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров 94,1 %.
Сабаби иҷро нагардидани қисми даромади ҷамоатҳои деҳот, ин барои холӣ мондани ҷойҳои корӣ буда, аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ маблағи дар нақша пешбинишуда ба буҷет ворид нагардид.
Хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба ҳолати 1 уми январи соли ҷорӣ 96,7% – ро ташкил дод, (нақша бо таъғирот 31 525 023 сомонӣ, иҷро 30 489 351 сомонӣ), дар асоси даромадҳои воқеӣ бошад ба ҳолати 1 уми январи соли ҷорӣ 99 % – и нақшаи пешбинишударо ташкил дод, (нақша 30 844 938 сомонӣ, иҷро 30 489 351 сомонӣ). Иҷрои нақшаи хароҷот аз рӯи гуруҳбандии вазифавии буҷет дар самти мақомот 95,0 мудофиа 95,3 %, маориф 96,2 %, тандурустӣ 98,8 %, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 98,3 %, хоҷагии манзилию коммуналӣ 96,6 %, фарҳанг ва варзиш 97,2 %, хоҷагии қишлоқ 98,2 %, нақлиёт ва коммуникатсия 100 % таъмин гардид. Аз рӯи гуруҳбандии иктисодӣ 76,0 % – и хароҷоти буҷетро дар ин марҳила пардохти музди маош ва ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ ташкил медиҳанд.
Нақшаи қисми хароҷоти ҷамоатҳои деҳот дар ин давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 93 – % таъмин гардиданд, аз ҷумла: Ҷамоати деҳоти Зонг 90,0 %, Ҷамоати деҳоти Вранг 88,0 %, Ҷамоати деҳоти Птуп 95,0 %, Ҷамоати деҳоти Шитхарв 94,0 %, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек.Юсуфбеков 95,0 %, Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ 97,0 % ва Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров 94,0 %.
Ба мақсади иҷрои Қарори Раиси ноҳия аз 18 апрели соли 2019, №160, Қарори Раиси ВМКБ аз 15 апрели соли 2019, №126, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020” – ро Раёсати молия ба роҳбарӣ гирифта, вобаста ба воридшавии маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузориро ба идораву муассисаҳои буҷетӣ ба ҳолати имрӯза пурра таъмин намуд.
Бояд қайд намоем, ки дар маҷмӯъ барои зимистони солҳои 2019 – 2020 барои омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар асоси талаботи воқеӣ миқдори 1 113 тона 130 кг ангиштсанг лозим аст, аз ин рӯ муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо соҳибкорони инфиродӣ Мамадсодиқ Абдуғаффоров ва Пайшанбиев Залон тендер ва шартнома бастанд.
Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим назоратро аз болои мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷет барои хариди ҳезум ва ангиштсанг пурзӯр намуда, маблағгузориро барои таъминот бо ҳезум ва ангиштсанг дар соли 2019 дар маҷмӯъ ба маблағи 1 357 524 сомониро пардохт намуд, ки дар асоси нақшаи марҳилавӣ 100 % иҷро шуд.
Ҳамзамон дар робита бо ин бояд қайд намоем, ки дар асоси фармоиши Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз 12 уми сентябри соли 2019 таҳти №30 дар ҳамаи муассисаҳои буҷетии ноҳия тафтиш гузаронида шуд, ки дар он зарари молиявӣ ба маблағи 430 800 сомонӣ ошкор карда шуд, ки аз он маблағи 168 367 сомонӣ хароҷотхои ғайриқонунӣ, маблағи 209 сомонӣ аз хисоби камомади молу ашёхо, маблағи 59 269 сомонӣ аз ҳисоби талафи воситахои пулию моли ва маблағи 211 553 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисоб гардидаи андозҳоро ташкил медихад. Дар рафти санчиш аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида 98,0 фоизаш ба буҷет баркарор карда шуд. Боқимонда маблағ ба ҶДММ “Амал- 2014” мансуб буда, аз сабаби дар суратҳисобаш надоштани маблағ сари вақт натавонист пардохт намояд, дар асоси маълумотномаи нозироти андоз ҶДММ – и мазкур дар моҳи январи соли равон маблағро пардохт менамояд.
Аз ин лиҳоз роҳбарони идораву муассисаҳои буҷетӣ ва ташкилоту муассисахои дахлдор иҷрои бечунучарои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷетии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи дигари пардохтхои ҳатмӣ ба буҷет», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадхои меъёрию хуқуқиро талаб намоянд.Хароҷоти маблағҳоро барои хариди мол, кор ва хизматрасонихо, таъмир ва сохтмон таҳти назорати катъӣ карор дода, оиди назорати пешакӣ ва дохили идоравӣ дар самти таъмини самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳо андешанд.

Сардори Раёсати молияи
ноҳияи Ишкошим: М. Искандархонов

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 38
  • 13 619
  • 530 384
  • 99 745
  • 83
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet