ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
РАЁСАТИ МОЛИЯИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ВМКБ
ноҳияи Ишкошим, кӯчаи А. Набиев – 21, тел: 8 (3553) 21.6.59, 8 (3553) 21.6.23 (факс), 8 (3553) 21.0.63;
__________________________________________
Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Буҷети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018»-ро ба рохбарӣ гирифта, дар асоси Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи стратегияи нави сиёсати молиявӣ дар доираи барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 кӯшиш ба харҷ дода, ба мақсади таъмини иҷроиши нақшаи даромадии буҷети маҳаллии ноҳия дар 12 – моҳи соли ҷорӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, маблаггузории хароҷоти буҷети маҳаллиро пеш аз хама аз руи моддаҳои ҳифзшавандаи буҷет таъмин намуда, ба қарздориҳои музди маоши коркунони соҳаҳои буҷетӣ роҳ надод.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат, фармони мазкур ба тавсиб расид, ки аз ташаббусҳои доимии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳсуб меёбад.
Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим ба мақсади роҳ надодан ба қонуншиканиҳои молиявӣ, самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ диққати махсус зоҳир намуда, назорати молиявиро дар соли ҷорӣ нисбатан ҷонок намуд.новобаста ба ноМавриди зикр аст, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 – уми августи соли 2018 №1084, аз 1 – уми сентябри соли ҷорӣ маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин, муассисаву ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 % зиёд карда шуд.
Кормандони Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №587 аз 29-декабри соли 2017 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 » дар амал татбик намуда, барои иҷрои онхо чорахои мушаххас андешид. Дар навбати аввал саъю кӯшиш ба он равона гардид, ки ба қарздориҳои пардохти музди меҳнат, ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ бо назардошти баландшавии музди маоши коркунони буҷетӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда роҳ дода нашуда, дигар чорабиниҳои иҷтимоӣ фарҳангӣ маблағгузорӣ гардидаанд.
Буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим ба ҳолати 1 – уми январи соли 2019 аз рӯи андозу даромадҳо дар маҷмуъ ба андозаи 98 %-и нақшаи пешбинишуда таъмин гардид. (нақша 28680777 сомонӣ, иҷро 28029938 сомонӣ), аз ҷумла; аз хисоби андозу даромадхои худди 100,6 % (нақша 4204600 сомонӣ, иҷро 4228357 сомонӣ), мусоидати молиявӣ (субвенсия) 97,1 % (нақша 23244964 сомонӣ, иҷро 22571418 сомонӣ), аз ҳисоби бақияи озоди сари солии буҷети маҳаллӣ 100% (нақша ва иҷро 384312 сомонӣ) ва аз хисоби буҷети вилоят ба тарики хисоббаробаркунӣ ба холати 1-уми январи соли 2018 маблағи 846901 сомонӣ ба тариқи иловагӣ ба буҷети маҳаллии ноҳия ворид гардидааст, аз ҷумла: барои пардохти фарқияти маблағи музди маош ва фонди иҷтимоӣ вобаста ба баландшавии музди маоши коркунони соҳаи буҷетӣ аз 1 – уми сентябри соли 2019 маблағи 841151 сомонӣ, барои пардохти кӯмаки давлатӣ ба кӯдакони мубталои вируси норасогии масуняти бадан маблағи 4200 сомонӣ ва барои пардохти идрорпулии Раиси вилоят барои хонандаи беҳтарини мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15 Хуросониева Ёсуман маблағи 500 сомонӣ ҷудо гардид.
Ба холати 1-уми январи соли ҷорӣ нақшаи андозу даромадхои худӣ аз рӯи сарчашмаҳо дар алоҳидагӣ ба маблағи 106528 сомонӣ ноиҷро монд, аз ҷумла андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба маблағи 72528 сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ ба маблағи 34000 сомонӣ.
Андози иҷтимоӣ дар ин марҳилаи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 97,3 %-и нақшаро ташкил дод, (нақша 5350000 сомонӣ иҷро 5206905 сомонӣ), аз он ҷумла: буҷетӣ 91% (нақша 4600000 сомонӣ иҷро 4180522 сомонӣ), ғайрибуҷетӣ 136,9 % (нақша 750000 сомонӣ, иҷро 1026383 сомонӣ).
Ҷамоатҳои деҳот нақшаи андозу даромадҳои худиро дар ин давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 101,4 – % таъмин намуданд, аз ҷумла: Ҷамоати деҳоти Зонг 99,5 %, Вранг 102,1 %, Птуп 100,3 %, Шитхарв 102,4 %, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков 101,3 %, Қозидеҳ 103,2 % ва Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров 102,8 %.
Бояд қайд намоем, ки дар 12 – моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия маблағи 19360 сомонӣ ба хароҷот равона карда шуда, чорабиниҳои аввалиндараҷа маблағгузорӣ гардиданд.
Хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи ба ҳолати 1 – уми январи соли ҷорӣ 96 % – ро ташкил дод, (нақша бо таъғирот 28828439 сомонӣ, иҷро 27582319 сомонӣ), дар асоси даромадҳои воқеъӣ бошад ба ҳолати 1 – уми январи соли ҷорӣ 98,4 % – и нақшаи пешбинишударо ташкил дод, (нақша 28028507 сомонӣ, иҷро 27582319 сомонӣ). Иҷрои нақшаи харочот аз рӯи гурухбандии вазифавии буҷет дар самти мақомот 97%, мудофиа 97 %, маориф 94 %, тандурустӣ 99%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ичтимоӣ 97 % , хочагии манзилию коммуналӣ 100 %, фарҳанг ва варзиш 98 %, хоҷагии қишлоқ 99 %, нақлиёт ва коммуникатсия 99,1 % таъмин гардид. Аз рӯи гуруҳбандии иктисодӣ 72,5 %-и хароҷоти буҷетро дар ин марҳила пардохти музди маош ва ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ ташкил медиҳанд.
Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147, Қарори Раиси ВМКБ аз 14 апрели соли 2018, №99 ва Қарори Раиси ноҳияро аз 26 апрели соли 2018, №204, “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019” ба роҳбарӣ гирифта, вобаста ба воридшавии маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои хариди ҳезум ва ангиштсанг маблағи 1715929 сомониро равона намуд, ки ин 100 %-и нақшаи зимистонгузарониро ташкил медиҳад.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии 1210182 сомонӣ идораю муассисаҳои буҷетӣ, хусусан муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Ғайр аз ин барои хариди таҷҳизот маблағи 706791 сомонӣ равона гардид.
Инчунин ба мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 уми январи соли 2017 № 544, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 юми феврали соли 2018 № 06/1 – 133 ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳои муҷаҳҳази таълимӣ”, Раёсати молияи ноҳия 100% – и маблағи тендерро ба андозаи 308934 сомонӣ барои ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннии 15 – муассисаи таълимӣ пардохт намуд.
Нақшаи қисми хароҷотии ҷамоатҳои деҳот дар маҷмӯъ ба андозаи 96 % таъмин намуданд, аз ҷумла: Ҷамоати деҳоти Зонг 98,7 %, Ҷамоати деҳоти Вранг 94,3 %, Ҷамоати деҳоти Птуп 93,5 %, Ҷамоати деҳоти Шитхарв 93,5 %, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков 97,9 %, Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ 94,8 % ва Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров 97,9.
Кори ҳисобу китоби муҳосибӣ на дар ҳамаи идораю муассисаҳои буҷетӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» аз 25 марти соли 2011 № 702 ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намоем, ки дар соҳаи маориф хусусан дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилотии ҳамагонии ноҳия аз сабаби нодуруст ва иштибоҳкорӣ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо бештари муҳосибон зуд зуд иваз мегарданд. На ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бошанд дониши мукаммали молиявӣ доранд, ҳоло он ки дар сурати набудани муҳосиб тибқи қонун иҷрои уҳдадориҳои он муваққатан ба зиммаи роҳбари муассиса воҳгузор карда мешавад.
Аз тарафи идораву муассисахои буҷетӣ тибқи моддаи 19-и Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018» оиди маблағхои махсуси муассисахои буҷетӣ, ки ин маблағхо бояд ба воситаи суратҳисоби махсуси шуъбаи хазинадорӣ кушода шаванд, риоя карда намешавад.
Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳалли ҷобаҷогузории кадрҳо, хусусан муҳосибони идораву муассисаҳои буҷетӣ ба роҳбарони муассисаҳои ноҳия супориш дода шавад, ки пеш аз ба кор қабул намудани муҳосибон бо Раёсати молияи ноҳия мувофиқа намояд, инчунин шартномаи тарафайни идораву муассисаҳо бо муҳосибон баста шавад.
Аз ин лихоз роҳбарони идораю муассисахои буҷетӣ ва ташкилоту муассисахои дахлдор иҷрои бечунучарои Қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷетии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи дигари пардохтхои ҳатмӣ ба буҷет», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадхои меъёрию хуқуқиро талаб намоянд.
Дар охир бояд қайд намоем, ки аз 1 – уми январи соли 2016 ҳамаи идораву муассисаҳои буҷетӣ бо тарзи нави маблағгузории электронӣ истифода аз барномаи SGB.net пурра ба роҳ монда, тибқи супориши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 уми январи соли 2017 идораву муассисаҳои буҷетии ноҳия пурра ба барномаи шабакаи электронӣ пайваст гардиданд.
То ин ҷониб Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим бо истифода аз шабакаи интернетии Исател истифода мебурд, ки шартномаи он дар муддати як сол маблағи 47904 сомониро ташкил медод. Дар соли 2019 бошад дар харҷномаи Раёсати молияи ноҳия ин маблағ пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ идораву муассисаҳоро зарур аст, ки ба таври мустақилона истифода аз модемҳои ширкатҳои мобилӣ ба барнома ворид гарданд.
Сардори Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим: М. Искандархонов