Дар таърихи 5 уми декабри соли равон миёни аҳолӣ, махсусан занон ва ҷавонон вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона иштирок варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терористӣ ва экстремистӣ, инчунин эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарнамоии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихоботи дарпешистода бо иштироки устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Ҷурабек Қодиров – коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ ва Сафаров Икромҷон намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ доир гардид.
