Дар давраи даъвати баҳории ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони ноҳияи Ишкошим худихтиёрона ба хизмати
Модар -Ватан омода гардида, дар фазои идона гусел карда шуданд.
Дар маркази ноҳия ба хотири гусели даъватшавандагон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ишкошим Хоркашов Хоркаш ,раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Қурбоналиев Мамнур, собиқ афсари ҳарбӣ майор Паҳлавоншанбиев Саодатқадам, 2 нафар сарбозони қисми ҳарбии 01123- и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳири Алихон, Назримадов Ҷасорат, 1- нафар волидайни даъватшаванда Муборакшоев Ширинхон ва яке аз даъватшавандаҳо Одинабеков Фаридун баромад намуданд.
Барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия идомабахшӣ чорабинӣ буд.