Порча аз «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов зери сарлавҳаи «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ», пеш аз ҳама, ҷанбаи баланди гуманистӣ дорад. Дар он оҳанги фалсафӣ ва ҷанбаи патриотизм ба таври амиқ бармало мегардад. Муаллиф дар он ба сифати адиб, муҳаққиқ ва як нафар хидматчии давлатӣ ба назар расида, маҳорати баланди чеҳракушоӣ дорад. Мазмуни ахлоқиву тарбиявӣ ва ҷанбаи ватандӯстӣ дар навишта баланд мебошад.
Эҳтироми имрӯзу гузаштаи муаллиф нисбат ба қаҳрамони асар Раҳими Мусулмониён симои эҳтироми афзояндаи муаллифро равшан намудааст. Оҳанги хуби ёднома он аст, ки Саймумин Ятимов нисбат ба қишри зиёӣ эҳтирому таваҷҷуҳ дошта, аз паҳлуи дигар онҳоро ба қазоват даъват менамояд. Муаллиф дар чанд сарсатр таърихи замонро хеле хуб шакл бахшидааст. Оммавияти гуфтори муаллиф диққати хонандаро хеле хуб ҷалб менамояд.
Саймумин Ятимов фарде ба назар мерасад, ки зинаҳои зиёди ҳаётро муваффақона паси сар намудааст. Ҳадафи меҳварӣ тафсири симои муайян бошад ҳам, дар ботини баён зиндагии фардии муаллиф (донишҷӯӣ, фаъолияти корӣ, бархӯрдҳо ва ғайра) хеле хубу ҷолиб матраҳ гардидаанд.
Оҳанги танз низ дар матлаб қатъи назар нагаштааст. Махсусан, каломи сокинони бумии Эрон хуб ба тасвир гирифта шудааст. Ин ҷиҳат бозгӯйи ду паҳлуи дигар мебошад:
1. Қобилияти баланди мушоҳида ва ҳофизаву хотира.
2. Бо ҳадафи хос нишон дода тавонистани набзи ҳаёти дохилу хориҷи кишвар.
Муҳимтарин ҷанбаи қиссаи мазкур нишон додани ҳақиқати аз ҷониби сиёсатбозони маккор истифода гардидани баъзе зиёиёни зудбовари худамон аст.
Бахтиёр Ҳошимзода,
декани факултети
журналистикаи ДМТ
