• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 15.12.2025 by ishkoshim

 

Дар партави ҳидояту дастурҳои Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи устод Талабхӯҷа Сатторов узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо бо зодагони ноҳияи Ишкошим, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва кору фаъолият доранд вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Сарпарасти ноҳияи Ишкошим, Директори маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Изатулло Ҳабибулло иштирок намуда, вобаста ба рушду пешрафти ноҳия дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи ноҳия ибрози ақида намуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам Иматшозода Анвар Иматшо зимни суханрониашон қайд намуданд, ки ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинон рӯз аз рӯз беҳтар гардида, инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия сол то сол мукаммал гардида истодааст.
Инчунин дар баромади худ қайд намуданд, ки марҳилаи босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор менамояд,ки арзишҳои таърихиву фарҳанги пурғановати миллатамонро ҳифз намоем ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Раиси ноҳия иброз доштанд, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори бузург доштан аз миллату Ватани аҷдодӣ тарбия намоем. Инчунин нақшаҳои ояндаи рушди ноҳияро баррасӣ намуда, аз зодагони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки амалӣ гардидани нақшаҳо дар муттаҳидӣ ва саҳми бевосита гузоштани ҳар яки мову Шумост.
Иштирокдорони вохӯрӣ аз рушд ва пешрафти ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд доштанд, ки таҳти ҳидоятҳои хирадмандонаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Ҳамзамон иштирокдорон барои баргузории чунин вохӯрии судманд сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки ҳар яки мо имрӯзҳо шукронаи сулҳу субот ва оромии Ватан намуда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар паҳлӯи сиёсати хирадмандонаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва мемонем.
Иброз доштанд, ки мо аз хӯрд то бузург тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри ободию созандагӣ ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат камари ҳиммат мебандем.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (814)
  • Эълонҳо (1)
Декабр 2025
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Ноя    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 203
  • 6 026
  • 676 797
  • 128 040
  • 0
  • 843
  • 0
  • 16.12.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet