10.12.2025 Ишкошим.Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Дар асоси қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 28.11.2025, №348 оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2008, №468 ва бо таъғйиру иловаҳо аз 06.08.2019, № 1330 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дастгоҳҳои ҷамоатҳои деҳот аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.Дар баргузории аттестатсия муовини раиси ноҳияи Ишкшошим Назарзода Душанбе Назаршо, сармутаххасиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Олифтаева Сафина ва аъзоёни Комиссияи аттестатсионӣ иштирок доштанд.
Ба аттестатсия 13 нафар хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз ҷумла 2 нафар мудирони бахшҳои МИҲД-и ноҳия, мутахассисони шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия 4 нафар, расиони ҷамоатҳои деҳот 3 нафар, котибони ҷамоатҳои деҳот 2 нафар,сармутахассиони ҷамоатҳои деҳот 2 нафар фаро гирифта шуда, ба вазифаҳои ишғолнамуда мутобиқ дониста шуданд.



