5.12.2025. Ноҳияи Ишкошим
БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВИИ ДЕҲАИ ВРАНГ
Раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо аз беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг дидан намуда, зимни боздид аз ин муассисаи тандурустӣ беморони дар беморхона бистаришударо аёдат намуда, аз вазъи саломатӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба беморон аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамчунин баҳри анҷом додани хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба масъулини беморхона дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.

