5 уми декабри соли 2025, ноҳияи Ишкошим
АЗ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТО ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ
ВОХӮРИИ САМИМОНАИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ МЕҲНАТДӮСТӢ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПТУП БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар маркази Ҷамоати деҳоти Птуп вохӯрии хеле самимиву судманди раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам Иматшозода Анвар Иматшо, бо сокинони деҳаҳои Ямчун, Вичкут, Туғгоз, Птуп, Навобод ва Зумудги Ҷамоати деҳоти Птуп баргузор гардид.
Мулоқот дар фазои кушоду дӯстона сурат гирифт ва ҳар ҳарфе, ки садо дод, аз муҳаббат ба Ватан, хоки маҳбуб ва ғамхорӣ ба ояндаи ноҳия буд.
Раиси ноҳия аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки пешрафту шукуфоии ҳар гӯшаи диёр аз меҳнати софдилонаи мардум ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмии онҳо сарчашма мегирад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки ба ҳар хонадон рабт доранд:
Омодагии ҳамаҷонибаи сокинон ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, махсусан дар фасли сармо,
Риояи қонунҳо дар масъалаи тарбияи кӯдак ва фарҳангу тамаддун,
Истифодаи оқилонаи замин, зиёд кардани ҳосил ва захира намудани ғизои ду сола,
Нигоҳ доштани тозагиву ободии ҳар як хонадон ва деҳа,
Рушди маориф, пирӯзии хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо,
Нигоҳубини саломатӣ, тарғиби ғизои солим,
Ҳифзи ҷавонон аз андешаҳои ифротӣ ва фарҳанги ба мо бегона,
Баланд бардоштани ғуруру ифтихори миллӣ,
Муносибати нек, ҳамсоядории намунавӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа,
Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ,
Масъалаҳои муҳоҷират ва ҳифзи насли ҷавон аз гурӯҳҳои иғвоангезу манфиатхоҳ,
Ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба онҳо,
Дар интиҳои мулоқот раиси ноҳия ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи ҳаёти хоҷагии халқи Ҷамоати деҳот ба масъулони соҳаҳо супоришҳои мушаххас дода, ба сокинон барои саҳми онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ арзи сипос намуданд.
Сокинони деҳаҳои болозикр бо самимияту садоқати хос аз чунин мулоқоти баргузоргардида изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории амиқи худро баён доштанд.
Суратгузориш аз рафтӣ вохӯрӣ бо сокинон аз рӯй усули “ДЕҲА БА ДЕҲА”

