Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи сеюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим бо садо додани Суруди миллӣ баргузор гардид.
Ба иҷлосия муовини якуми раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, директорон ва мудирони хонаҳои фарҳангӣ,клубу китобхонаҳо,сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ,роҳбарони марказҳои саломатӣ ва мудирони бунгоҳои тиббӣ ки вакил нестанд, даъват шудаанд.
Дар кори иҷлосияи сеюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам:
Амирбекзода Ҳабибулло-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи сеюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шудааст:
1.Ҳисоботи Прокурори ноҳияи Ишкошим оид ба чораҳои пешгирикунандаи вазъи ҷиноятӣ дар ноҳия.
2.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 22 сентябри соли 2023, № 319 оиди ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2023, № 135 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027”
3.Дар бораи тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2025, № 1004 ва қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки вобаста ба тағйироти кадрӣ қабул шудаанд баррасӣ гардиданд.
Оиди масъалаи якуми рӯзнома ба прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи сеюм Раматуллозода Фаридшо Бахтулло,вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини раиси ноҳияи Ишкошим Султонбекзода Фотима Сафармамад ва оиди масъалаи сеюм мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон баромад намуданд.Вобаста ба масъалаҳои болозикр вакилон суханрон ронда, ибрози андеша ва пешниҳодҳои худро намуданд.
Амирбекзода Ҳабибулло-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои омодагии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба давраи тирамоҳву зимистони солҳои 2025-2026, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва картошка, захираи маводи озуқаворӣ, ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ,вусъати корҳои ободониву созандӣ,пешгрӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ, бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ва сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуданд.Ҳамзамон раиси ноҳияи Ишкошим суханронӣ намуда, баҳри мувофиқ ба мақсад амалӣ гардидани корҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳои бар уҳда доштаи роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.