Дар лаҳзаҳои душвори солҳои 90-уми қарни гузашта, ба бахти халқи парешони тоҷик, фарзанди арзандаи миллат, ватандӯсти боирода, қаҳрамони халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва дар қалби бечораю бенаво шуълаи умедро пайдо намуд.
Пас аз ин тамоми ҷаҳониён эътироф намуданд, ки сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷасорати бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва он осон ба даст наомадааст.
Маҳз ақлу хирад ва рӯҳи шикастнопазири ин марди бузург офтоби толеи моро дурахшон гардонид.
Роҳбари ҷавони онвақта дар фикри таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, сарҷамъ намудани миллат заҳмати зиёде ба харҷ дода, ҷаҳду талошҳои хастанопазир намуданд.
Чуноне, ки аз гуфтаҳои Сарвари давлат бар меояд, ҳангоми бо мухолифин рӯ ба рӯ шудан чунин муроҷиат намуд: “Биёед кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем, силоҳро ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул шавем. Танҳо бо муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бубахшем”.
Ин пешниҳоди роҳбари ҷавони давлат бо эҳтироми хоса ва самимият аз тарафи мухолифин ва намояндагони давлатҳои миёнрав якдилона қабул гардид. Ҳамаи фарзандони халқи тоҷик, чӣ хатлониву зарафшонӣ, чӣ раштониву бадахшонӣ ба ҳам омада, алангаи ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш хомӯш гардид.
Аз ин ҷост, ки 27-июни соли 1997 дар таърихи миллати баландахтари тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин ба имзо расид, ки ин рӯйдоди муҳими тақдирсоз дар таърихи навини халқи тоҷик чун рӯзи “Ваҳдати миллӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Инак ба таърихи имзорасии ин санади олӣ 28-сол пур шуд ва дар ин муддат халқи соҳибистиқлол ва меҳнатқарини тоҷик дар зери ливои сулҳу ваҳдату ягонагӣ кору фаъолият менамоянд.
Аз ин рӯ, халқи тоҷик ҷонбозиҳои сарвари олимақоми худро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ арзанда баҳо дода, ӯро чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Қаҳрамони миллат ном мебаранд.
Оре, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амали неки худ тавонист, ки тамоми тоҷикони дур аз Ватан парешонгаштаю овораро ба макони аслии худ баргардонда, як Тоҷикистони озод, обод ва тинҷу амонро ба ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти воломақом назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи неку дурахшон бовар кунонид.
Имрӯз, ки мо аз шаҳди Ваҳдати комили миллӣ чашида истодаем, бояд ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ ва пос дорем, зеро мафҳуми ваҳдати миллӣ муқаддастарин арзиш барои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми аз ҳам ҷудонопазир мебошанд, ки яке дигарро пурра менамояд.
Давлате, ки Истиқлолият дошта бошаду дар он ҷо Ваҳдат, ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ набошад пойдории он давлат ғайри имкон мебошад. Хушбахтона имрӯзҳо дар Тоҷикистони мо Ваҳдати миллиамон устувору побарҷо ва дар кишвар раванди рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат босуръат пеш рафта истодааст.
Дар ҳар мулке, ки Ваҳдат ва якдилист дар он ҷо ободию созандагию хушбахтист.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд: “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст”, “Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тулонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст”.
Дар иртибот ба ин гуфтаҳо қайд менамоям, ки аз файзу накҳати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхову сулҳпарвар мешиносаду, дар орзӯву ҳаваси сулҳу амонии кишвар ва ваҳдати миллии мо мебошанд.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар бисёре аз мамлакатҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Ваҳдат ба маънои томаш рӯзгори шоистаи одамон мебошад. Бигузор Ваҳдати миллии тоҷикон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувор, поянда ва ҷовидонӣ бошад!
Чунон, ки Пешвои миллат иброз доштанд: “Мо имрӯз соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошем, ки дар он Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот побарҷост”.
Қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунёи имрӯза муқоисанашаванда ва такрорнашаванда аст.
Воқеан роҳбарест чун рамз ва ҷилои тобноктарини сулҳ дар тамоми рӯйи дунёст, ҳар куҷо сухан гуфт баҳри осоиштагиву амну суботи на танҳо кишвари худ, балки кулли дунё гуфт, дар зеҳни ӯ танҳо хурсандии мардумони сайёра чарх мезанад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як мактаби бузурги давлатдориест, ки инсон аз ин мактаб сабақи одамиятро меомӯзад.
Пешвои тоҷикон ба давлатҳои ҷангзада ва дар доми ҷаҳолат афтида роҳи музокироти тарафайнро пешниҳод мекунад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори формулаи сулҳ дар ҷаҳони муосир мебошад. Ҷаҳон имрӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як сиёсатмадори барҷаста ва шахсияти сулҳофару сулҳпарвар мешиносаду эътироф мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки ба имзо расидани Созишнома дар бораи пайванди марзҳои се кишвар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки рӯзи 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ба имзо расид, ин нишонгари хиради воло ва таҷрибаи бузурги сулҳофарии Роҳбарияти Олии кишвари Тоҷикистон мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки сулҳ, дӯстӣ ва ҳаёти осоиштагии сокинони минтақа ва ҷаҳон болотар аз ҳамаи манфиатҳои сиёсӣ – геополитикӣ мебошад.
Яке аз пешниҳод, иқдому ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вобаста ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Миллиали Муттаҳид оид ба “Даҳ солаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад.
Албата ташаббус ва пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба арзиши суботу оромии башарият, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои ҷаҳон, муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷалб намуд.
Аҳмадшоҳ Маъсуд Қаҳрамони миллии Афғонистон дар бораи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:
“ Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, ки мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзӯ мекунанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд, ки дар он ҳама хубӣ меғунҷанд. Ӯ охирин тоҷикро ба Ватан баргардонид. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо Шумо, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро тасхир мегардонад!”.
Имрӯз фахр аз он мекунем, ки чунин Пешво дорем. Аз таҳти дил мегӯем, ки фахри миллат-Пешвои миллатам. Ифтихор аз он дорем, ки чунин Пешвои ватанхоҳу ватандӯсту ватансоз, накӯному накӯрафтор, накӯсиришт, меҳнатдӯсту меҳнатпарвар, Пешвои мардумӣ, мардумсолор, райатпарвар, хештаншинос, худшинос, худогоҳ, хирадманду бодонишу ботаҷриба, ояндабину ояндасозу дурандеш, одилу меҳрубону оқил, ободкору бунёдкор, шахсияти волосиришт, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем!.
Ҳар як қадами дар ҷодаи давлатсозии Пешвои миллат устувору побарҷост
Тоҷикистон имрӯз давлатест, ки онро тамоми ҷаҳон ҳамчун ватани сулҳхову сулҳпарвар ва дар ҳоли пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мешиносанд.
Мо тоҷикистониён аз он ифтихор менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан як давлати ободу пешрафта ва созандаро бунёд намуданд.
Дар воқеъ, сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳои халқ буда, бо туфайли он одамон ба хотири сарҷамъӣ, баҳри ояндаи дурахшон, ободии диёру хонадон, сарсабзии кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатофари худ заҳмат мекашанд.
НАЗАРЗОДА ДУШАНБЕ НАЗАРШО, муовини раиси ноҳияи Ишкошим