Бо мақсади зиёд намудани майдони боғҳои мевадиҳанда ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Рини Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.Дар баргузории ҳашар муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим,роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо ва кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков иштирок намуданд.Лозим ба зикр аст,ки дар макони болозикр бунёди 5 га боғи нави мевадиҳанда ба нақша гирифта шуда,худи имрӯз зиёда аз 1300 бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда зардолуи навъи Мирсанҷалӣ, чормағзи ҳамелӣ, нок,гелос навъи “Дили кафтар” шинонида шуд.
Дар рафти ҳашар дар баробари мардон бонувон низ иштирок намуданд.