Бо мақсади рушди футбол дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҳамарӯза бозии футболи хурд байни дастаҳои идораву муассисаҳо баргузор мешавад.Худи имрӯз дар майдончаи варзишӣ бозии футболи хурд байни дастаи футболбозони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дастаи маорифи ноҳия баргузор гардид.Рафти бозӣ дастаи футболбозони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба ҳисоби 8:3 ғолибиятро ба даст оварданд.