• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 19.01.2024 by ishkoshim

                   ЗАБОНОМӮЗӢ – АМРИ ЗАМОН
(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

        Аз замонҳои пеш забондонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳаёти инсонҳо аҳамияти хосаро касб намуда буд. Забондониро яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият медонистанд. Ҳамин аст, ки дар асрҳои гузашта донишмандони мо дар баробари хуб донистани забони хеш забонҳои халқҳои дигарро низ меомӯхтанд. Аксари бузургони миллати мо чандин забон ва хатти миллатҳои дигарро аз худ карда, бо он забонҳо асарҳои оламшумулу соҳибнуфузи илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд.      Ин раванд то ҳол аҳамияти худро аз даст надода, балки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст.
        Умуман донистани забон бо ҳаёти одамизод сахт алоқаманд аст, инсон дар зиндагӣ ҳар чӣ қадар пеш равад, забон ҳамон қадар лозим мешавад. Ба қавли шоир:
                      Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
                        Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

        Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои зиёда аз 51 созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин баробар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ягона воситае, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳаминро ба инобат гирифта таъкид намуда буданд, ки «Дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».
        Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023) лабрез аз ҳидоятҳои дурандешона ва факту далелҳои ифтихорангез аст. Яке аз таъкидҳои Сарвари давлат ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ буд. Дар Паём омадааст, ки “Омода кардани кадрҳои омӯзгории ихтисосманд, боз ҳам беҳтар кардани сифати таҳсилот ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи ҷонии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аст”.
       Дар ин замина бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2003 фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ирсол гардида буд. Баъдан дар ин маврид се маротибаи дигар барномаҳои давлатӣ қабул шуданд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 30 августи соли 2019 таҳти рақами 438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар рушди таълим ва омӯзиши ин забонҳо ҷараёни нав пайдо кард.
      Сарвари давлат дар Паёми хеш (28.12.2023) Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо ва ниҳодҳои дигари дахлдорро вазифадор намуданд, то дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таҳияи барномаи нав, нашри китобҳои дарсӣ аз сатҳи боғча то донишгоҳҳо, пиёда кардани босамарии онро тақозо намоянд, ки ин дар шароити кунунӣ амри воқеӣ мебошад.
      Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар заминаи дастури Сарвари давлат ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ашхоси масъул, омӯзгорони забонҳои русию англисӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор ҳастанд, ки дар амалӣ сохтани барномаи нави омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ саҳми худро гузоранд.
       Дар фарҷом ин нуктаро бояд таъкид намоем, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат мо бояд ҳарчи бештар кӯшиш намоем, ки забондонию забономӯзии насли ҷавонро сайқал диҳем, то онҳо дар муаррифии кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.

М.Мамадсаидов -мушовири кабинети методии
шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Январ 2024
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Дек   Апр »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 8
  • 13 580
  • 530 345
  • 99 715
  • 43
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet