Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, инчунин ҳашарҳои дастҷамъона бо ҷалби васеи роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо ва сокинон баргузор гардида истодааст. Дар ҳафтаи сипаришуда дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҳашарҳои дастҷамъона доир карда шуд.