Мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ аз пайи ин тоифа [ Додоҷон Атовуллоев ] нарафтаем ва намеравем. Мо дар байни маҳаллҳои Тоҷикистони азиз тухми нифоқ не, тухми меҳру муҳаббат мекорем. Ватанро бо амал обод мекунанд, на бо гапфурушӣ ва даъвоҳои беасос! ‼️‼️
Дар дили наслҳои оянда тухми нифоқ не, балки тухми сулҳу салоҳ ва меҳру муҳаббатро коштан даркор то дар ҳамбастагӣ бо ҳусни тафоҳум ватанро ободтар намоем.
Сулҳу субот боиси хушбахтии модарону кӯдакон мегардад ва онҳоро ба зиндагӣ дилгарм менамояд. Бузургон бисёр ба маврид фармуданд:
Одамон аз дустӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Бархе аз нафарони иғвогару носипос берун аз хоки Тоҷикистони азиз истода, таҳти ҳидоятҳои хоҷагонашон шӯру иғво намуда, худро “ҷонибдору ғамхорӣ халқ” мешуморанд. Аммо афсус, ки онҳо бо амалҳову мақсадҳои нопокашон нотинҷ намудани фазои амни ҷомеа буда, матлабашон танҳо манфиати шахсии худашон мебошад.
Халқи тоҷик ба сафсатаву ёвагӯиҳои ин нафарони шумнафас дигар заррае эътимод надорад. Чунки онҳо қадри номус ва имони доштаашонро дар ивази маблағ фурӯхтаанд. Ё бо андешаи дигар қайд намоям онҳоро на Худо мебахшаду на бандаи Худо.
Ман ба ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстон, пайвандон ва хоҳарону бародарон гуфтаниам, ки заррае ба гуфтаҳои онҳо бовар накунед, ақли солими худро ба кор бурда, бинед, ки оё онҳо дар ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоштаанд?
Аллбата не, онҳо аз пайи тӯҳмату буҳтон ва бадтинатӣ овораи ватан гардида, имрӯзҳо таҳти хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд вазъи ороми кишварро халалдор намоянд. Ланъат ба чунин заҳоксифатон.
Мо ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҷавоби дандоншикан медиҳем. Шукронаи Тоҷикистони азизу ободамонро дорем.
Нест бод дасисабозону пастфитратони наҳзатӣ !
Хулоса дар шакли як ҷумла Шумо пастфитратон дар вақти дар Ватан буданатон ҳеҷ чизе набудету, ҳозирам аз дур рафта ҳичӣ ҳам нестед.
Тоҷикистон ба пеш!
Додоҷон Атовуллоев аз ободию гулгулшукуфӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон ба таҳлука афтодааст. Додоҷон Атовуллоев ин бори бисту чорум аст, ки ҷавоби дандоншикан менависам ба Шумо. Дониста бош, Шумо нияти нек надоштед, надоред ва нахоҳед дошт. Чаро Шумо ободию гулгулшукуфии Ватанро намехоҳед??? Мо Шуморо бо нафрату бадбинӣ шикаст намедиҳем, балки бо рафтору амалӣ нек, бо ободию созандагӣ ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон худатон шикаст мехӯрад. Инқадар ободию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чашми Шумо душманон хор халидааст. Ҳар гоҳ, ки як пешрафт мебинед, мисли он, ки фишори хунатон баланд мегардад. Зеро дар ботинатон тухми нифоқ ва бадбинӣ хоҷагонатон кордидаанд.
Биё бигӯ мардинавор шахсан худат чӣ хидмате ба ҷомеаи Тоҷикистон кардаӣ???.
1.
2.
3.
Агар дар рушду нумӯ ва ё ҳидояти ҷавонону наврасони Тоҷикистон саҳм гузошта наметавонӣ, илтимос халал нарасонед.
Ана ин ҷумлаҳои дар зер овардаро як бор не хоҳиш 2 ё 10 бор хон. Бин ҳатто ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто шоирон ва нависандагон чӣ гуна баҳои аъло додаанд!
1.
“Шумо мардуми хушбахтед, ки
Раис ҷумҳурӣ чун Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ Раис ҷумҳури ман ҳам ҳаст. Қадрашро бидонед. Амнияте, ки ин нобиға барои шумо фароҳам овардааст, дар ҳеҷ куҷои дунё нест, ҳатто дар Иё- лоти Муттаҳидаи Амрико дида наме- шавад. Ман бегоҳӣ ҷуръат намекунам дар кӯчаҳои Сан-франсиско бигардам, аммо дар Душанбе озодона сайр меку- нам ва касе ба ман коре надорад.”
Масъуди СИПАНД,
Шоири эронитабори муқими ИМА
2.
“Агар раиси як кишвар пешрафта набошад, он кишвар пешрафт намекунад. Чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманди пешрафти мардум ва Тоҷикистон аст, ин хеле муҳим аст. Эмомалӣ Раҳмон низ бо қудрати тамом Тоҷикистонро ба пеш ва ба сӯи пешрафт мебарад ва ман ба Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон ном гузоштам. Яъне, таърихи Тоҷикистон аз эшон ёд хоҳад кард. Агар эшон набуданд, мамлакат дар дасти муллоҳо мебуд. Ин мамлакат мисли Афғонистон шуда буд. Аз ин минбар ба мардуми Тоҷикистон мегӯям: “Эй мардум, ҳушёр бошед ва фиреби муллоро нахӯред”.
Умедворем, ки Тоҷикистон сол ба сол шукуфад ва пешрафт кунад”.
Масъуди Сипанд
Шоир
Қазоқистон, ш. Алмаато
Тоҷикони Қазоқистон | 26.06.2023.
Инҳоро Додоҷон Атовуллоев хон ба саволҳои 1,2,3 ҷавоб навису ман боз менависам ба Шумо бо исботу далелҳо.
Баъдан фаромӯш накун ин шеърро ҳам хон.
Ало, эй ҳамватан шукри замину ин замон фарз аст!
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон фарз аст!
Ватан яктост, модар ҳамрадифи ӯ агар донӣ?!
Ба Яздон саҷда кардан, дар Ватан ҳам бегумон фарз аст!
Дар оғӯши пуранвораш ҳамеша дилҷавон монем,
Ватанро дӯст доштан ҳам ба пиру ҳам ҷавон фарз аст!
Ватан аз баҳри мо ганҷинаи мероси аҷдод аст,
Варо чун гавҳари чашм ҳифз кардан ҳар замон фарз аст!
Чу Рустам чун Сиёвуш беҳтарин гурди Ватан бошем,
Ба душман ҳамла овардан ба тиру бо камон фарз аст!
Ватандорӣ далели будани имону виҷдон аст,
Садоқат дар Ватан, дар асли худ то ҷовидон фарз аст!
Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем!
Барояш ошиқона ҷон супурдан як ҷаҳон фарз аст!!!
Назарзода Душанбе Назаршо муовини раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон