• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 02.08.2023 by ishkoshim

Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист

 

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро  тасдиқ намудаанд.

Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.

Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.

Террори мазкурро 27-уми июли соли 1996 бо супориши роҳбарияти наҳзат саркардаи яке аз дастаҳои қотилони наҳзатӣ Нуралиев Элмурод бо ҳамроҳии аъзои гуруҳаш Саидов Амрулло дар долони мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Душанбе бо шеваи ниҳоят ваҳшиёна ва бераҳмона анҷом додаанд.

Он қотилони хунхор олими машҳур ва инсони шариф – Осимиро тарсуёна террор карданд. Аммо устод Муҳаммад Осимӣ бо  далерию ҷасорати ба худ хос то охирин лаҳзаи ҳаёташ пеши он нобакорони разил сар хам накардааст.

Ҳаёту фаъолияти устод Осимӣ, ки як мактаби бузурги илму маърифатомӯзӣ ва хизмат ба мардум аст, воқеан омӯзанда ва намунаи ибрат мебошад. Ёдовар мешавем, ки давраи хурдсолию навҷавонии Муҳаммад Осимӣ ба замони мушкили таърихӣ рост омада буд. Бо вуҷуди ин ӯ ҳамеша дар раҳи омӯхтани илму маърифат меҳнату кушиш ба харҷ дода, ҳануз дар соли 1941-ум Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимӣ ҳамчун ватандӯсти асил ва фарзанди шуҷои тоҷик ихтиёрӣ ба фронт рафта, панҷ соли ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшид. Далерию ҷонфидоии Осимӣ, ки дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир кардааст, бо ордену медалҳои «Ҷанги Ватании дараҷаи 1», «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.

Бисёр аламовар аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат панҷ сол бар зидди фашистон ҷангида, саломат ба Ватан баргаштааст ва солиёни зиёд дар хизмати мардум буд, аммо аз дасти ҳамватанони разилу палиди худ кушта шуд. Албатта ин амали нангини қотилони наҳзатӣ ҳамчун доғи сиёҳе дар таърихи миллати тоҷик боқӣ монда, то кадом андоза хунхору душмани Тоҷикистон будани ин тудаи нобакорро нишон медиҳад.

Баъди баргаштан аз фронт Муҳаммад Осимӣ ҳаёти худро ба илму маориф бахшида, ҳамеша дар хизмати мардум будааст. Солҳои  1946—1952 ба сифати мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, муовини директори Донишкадаи омӯзгории ш. Хуҷанд, солҳои 1952—1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, солҳои 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1962—1965 раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1965 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва ҳамзамон вазифаи раиси Ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон – «Пайванд»-ро бар дӯш дошт.

Устод инчунин аз солҳои 80-ум дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфта, зери роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Осимӣ ҳамчун ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон буд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, забону адабиётро дарбар гирифта, вай муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таълифоти устодро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дарбар мегиранд.

Муҳаммад Осимӣ, ҳамчун олими пуркор, омўзгори соҳибмактаб, ходими ҷамъиятию давлатӣ на танҳо дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳур буд ва осору таҳқиқоташ аз ҷониби доираҳои илмӣ эътироф гардида буд.

Устод Осимӣ бо малакаи баланди илмӣ дар бисёре аз марказҳои  бонуфузи илмии хориҷӣ маърузаҳо кардаст. Аз ҷумла, дар мавзуоти марбут ба  таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, таърихи фалсафаи тоҷик, тоҷикон дар масири таърих, фалсафаю методологияи улуми табиатшиносӣ дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Токио, Деҳлӣ, Бомбай, Қоҳира, Париж, Бухарест, Вена ва ғ.  маърўзаҳо карда, дар донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарҳ (Ҳиндустон), Исломобод, Пешовар, Панҷоб (Покистон), Вашингтон, Сиэттл, Колумбия, Ню-Йорк (ИМА) ва Сорбон (Фаронса) баромадҳои илмӣ намудааст. Бешубҳа устод яке аз муаррифгарони илми тоҷик дар арсаи байналхалқӣ буданд.

Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёд раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ – комиссияи ЮНЭСКО-и Иттиҳоди Шўравӣ, президенти Ассотсиатсияи байналхалқии омўзиши тамаддуни Осиёи Миёна, мушовири барномаи ЮНЭСКО оид ба омўзиши «Роҳи абрешим» ва инчунин, узви хориҷии ҳайати таҳририи маҷаллаҳои «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) буд. Устод Осимӣ дар ташкили Академияи улуми Афғонистон фаъолона ширкат варзида, то поёни умр узви фахрии он буд.

Террори устод Муҳаммад Осимӣ аз дасти қотилони наҳзатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо душмани миллати тоҷик, душмани илму маърифат ва рушду тараққӣ мебошад. Терроре ки наҳзатиҳо нисбат ба олимону донишмандони тоҷик содир кардаанд, нобахшиданист. Миллати мо, ҷомеаи муттамадини ҷаҳонӣ ҳаргиз онҳоро намебахшад.

Аммо хотираи неки Муҳаммад Осимӣ ва олимону донишмандони дигари тоҷик, ки аз дасти ин палидон кушта шудаанд, абадӣ дар қалбҳои мо боқӣ мемонад.

Азимҷон Раҳмонзода,

номзади илмҳои сиёсӣ

 

Бознашр аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» №106

аз 25 июли соли 2023

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Август 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Июл   Сен »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 003
  • 530 183
  • 99 703
  • 182
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet