• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 01.06.2023 by ishkoshim

 

Як подполковник ва 5 сарбоз, ки дар робита ба латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як моҳ пештар боздошт шуда буданд, бо қарори Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9,5 то 11,5 сол равонаи зиндон шудаанд.

Як корманди масъули Колегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ҳама 6 гумонбар ҳукм гирифтанд, вале бо ишора ба он ки ҳукм аз ҷониби Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд, аз додани иттилои бештар худдорӣ кард.

Ҳамсуҳбати мо танҳо гуфт, ҳамаашон ҳукм гирифтанд ва додрас Матин Бобозода, додраси Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дирӯз, 30-юми май, дар бинои гарнизони Хуҷанд, ҳукми онҳоро содир кард.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар аз Колегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд бидуни ифшои ном гуфт, бо ҳукми додгоҳ, подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон ва сержант Ҷонибек Қосимзода 11 солу 6 ва 4 сарбози дигар 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки подполковник Нузҳат Лазуриев ва  Ҷонибек Қосимзода ба сӯистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ) айбдор мешавад. Ин банди қонун ҷазо дар намуди аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Сарбозон Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, ки дар латукӯби сарбозон гумонбар буданд, барои “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” (қисми 2-и моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ) муттаҳам мешаванд. Барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндон муайян шудааст.

Парвандаи мазкурро додситони низомии Суғд давоми қариб як моҳ таҳқиқ кардааст.

Назари худи афсарону сарбозон, наздикон ва вакили дифои онҳо дар робита ба парванда ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси эътирози корбарони интернетӣ гардид.

Радиои Озодӣ навишт, ки панҷ сарбоз муҳлати хидмати ҳарбиро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд.

Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбии дар ин амал дастдошта ва подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.

Маълум гардид, ки ҳодиса тахминан рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи “дедовшина” ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июн 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Май   Июл »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 67
  • 16 000
  • 530 180
  • 99 700
  • 307
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet