Рӯ овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Дар замони муосир илм ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфта, мутахассисони баландихтисос ва аз илми замонавӣ огоҳ қувваи асосии истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз иқтидори неруи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илм ва технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.
Албатта ҳаётро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки “Илм дар рушди кишвар нақши калидӣ” дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо назардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тараққиёти илми муосир Асосгузори сулҳу вақдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.
Зеро барои кишвари мо омӯхтани фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ масъалаи аввалиндараҷа ва талаботи замон буда, пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим аз ташаккул ва рушди бевоситаи он вобастагии калон дорад. Қобили тазаккур аст, ки ин иқдоми сарвари давлатро оид ба эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аҳли ҷомеа дастгирӣ намуда, таваҷҷуҳи худро нисбат ба рушди фанҳои дақиқ равона намуда истодаанд.
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки навгониҳои илмие, ки имрӯз дар соҳаҳои илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ кашф шуда истодаанд, маҳз дар заминаи мероси гаронмояи гузаштагони мо ба монанди Ал-Хоразмию Хайём, Закариёи Розӣ, Ал- Хайсам, Абурайҳони Беруниву Ибни Сино ва дигарон сурат мегирад. Ин аз мо насли ояндасоз тақозо мекунад, ки мероси гузаштагонамонро ҳифз намуда, барои омӯзиши он кӯшиши аввалиндараҷа ба харҷ дода, донишу малакаи худро бо назардошти замон боз ҳам рушд диҳем.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар даврони истиқлол бо мақсади дастгирӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ як қатор барномаҳои давлатӣ, силсила омӯзишҳо ва озмунҳои давлатӣ бо маром роҳандозӣ ва амалӣ шуданд. Чуноне, ки мо шоҳид ҳастем ҳамасола бо баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, № АП-155 тасдиқ шудааст, имконият фароҳам оварда, то дӯстдорони илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ба озмун ҷалб шаванд. Дар ин замина донишу малакаи худро санҷида, худро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа муаррифӣ намоянд. Ин дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат марҳила ба марҳила шароити мусоидро баҳри боз мубрамият пайдо намудани рушди илмҳои риёзӣ ва татбиқи онро дар амалия имконпазир менамояд. Бахусус омӯхтани технологияи муосир ва фаъолгардонии равандҳои ихтирокорӣ, тарроҳиву моделсозӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳои гуногуни нанотехнология бевосита аз маълумоти кофӣ доштани мо ҷавонон аз илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ мансуб меёбад.
Чунончӣ ба ҳамагон маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид ва шароити васеъ ҷиҳати сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат муҳайё гардид. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки тибқи таҳлили олимон дар ҷумҳурии мо беш аз 100 элементи кимиёвӣ барои омода намудани маводҳои нанотехнологӣ мавҷуд аст, ки истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат захираи беҳамтост.
Маҳз барои дар амалия самаранок коркард намудани захираҳои табиӣ дар саноати мамлакат бевосита мутахассисони соҳибмаълумоти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ зарур аст. Бо фаъолгардонӣ ва ҷалби мутахассисони мазкур дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар ин пеш аз ҳама ба рушд ва нуфуз пайдо намудани илмҳои табиатшиносӣ дар байни омма оварда мерасонад.
Илова бар ин айни замон тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии “зеҳни сунъӣ” татбиқ карда шуда истодааст. Интизор меравад, ки татбиқи стратегия ба рушди иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо маротиб самараи иқтисодии худро расонад. Ҷиҳати амалишаваии бо мароми стратегиявӣ зикршуда сараввал мутахассисони илмҳои риёзӣ ва табиӣ лозим омада, нақши онҳо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳа калидӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар мо хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса дода, ҷавононро баҳри аз худ намудани илмҳои мазкур роҳнамоӣ намоем.
Увайдо Изатшоев
магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон