Фандрайзинг ё худ Fundraising дар илми иқтисод ҷамъоварии пулеро мегуянд, ки ба ягон мақсад равона карда шуда аст.
Аблаҳи бесаводе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамакнун аз хоҷагони хориҷиаш маблағи камтар мегирад, ҳоло тавассути ҷамъ кардани лайк ва нишон додани тамошобинонаш дар фикри ҷамъоварии маблағи бештар аз хоҷагонаш дар моҳи мубораки Рамазон дурӯғу фаҳшҳои худро аз барномаҳои “Минбари муҳоҷир” ва “Ислоҳ ТВ” бештар намуда аст.
Аслан шахсан ман Муҳаммадиқболи Садриддинро аз девонагони ақлбохта медонам, ки ба ғайр аз андаке таълимоти динӣ дар мадрасаи шаҳри Қундузи ҶИА аз ягон илми дигаре баҳравар нагардида аст, вале дурӯғ ва фаҳшу ҳақоратҳои ӯ дар моҳи мубораки Рамазон нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо амал дар дин надорад, балки динро василае барои муаррифии худ ва амалӣ намудани манфиатҳои пасипардагии хоҷагони хориҷиаш бобати бесубот гардондани ҷомеа ва Ватану миллати мо истифода мекунад. Як ҳадиси саҳеҳе аз Паёмбар(с) аст, ки “Агар касе дар моҳи Рамазон ба ислоҳ намудани рафтор ва ахлоқ, чашм ва забону дасту пойи худ кушиш нанамояд, Худованд ба ташнагиву нахурдани таоми ӯ ниёзе надорад”
Пас аз маънои ҳадиси болзикр маълум мешавад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва модераторҳои ӯ дар интернет фақат дар фикри ҷамъоварии маблағҳои пулии фармоишгарогашон астанд, вагарна ҳурмати моҳи мубораки Рамазонро ҳам барои худ фарзи ҳақиқӣ медонистанд…
Саъдоншоҳи Улфатӣ
Шоир ва рӯзноманигор