Бо иқдоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар мавзеи Тахтсанги деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим дар масоҳати 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид.Лозим ба зикр аст, дар дохили боғ зиёда аз 500 адад бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуда ҳудуди боғ бо симтӯр баста шуда мегардад.,
Дар бунёди боғи болозикр ҳашари дастҷамъона бо иштироки раиси раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовинони раиси вилоят, ҳамаи кормандони дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инчунин раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия,кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони деҳаҳои Бойбар, Удит, Намадгут, Дашт, Рэн ва маркази ноҳияи Ишкошим доир гардид.
Ин иқдоми пешгирифтаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар самти бунёди боғи мевадиҳанда дар ноҳия бори нахуст буда, дар баробари ба самар расидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда оянда метавонад бозори ноҳия ва вилоятро бо меваҳои тару тоза таъмин намояд.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ кулли мардуми ноҳияи Ишкошим изҳору сипоси амиқи хешро ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён намуданд.