• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 03.04.2023 by ishkoshim

Ҳамдиёрони азиз!
Боз ба диёри зебоманзарамон баҳори хуҷастапай бо таровату накаҳти тозаву пурэъҷоз ва сайфу сафои нав қадами хешро ранҷа намуд.
Фасли баҳор бо худ пайки шодӣ, тараби Наврӯзи оламафрӯзро овард. Воқеан Наврӯзи оламафрӯз, иди баҳору аз нав эҳё гардидани табиат, иди зебогиву олиҳаи сол мебошад.
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон суннату аънанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи кӯҳанбунёдамон аз сари нав эҳё гардида, айни замон дар ҳаёти мардуми мо мақоми арзишманд пайдо намудаанд. Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти амиқ ҳамаи мардуми сарбаланду меҳнатдӯст, инсонпарвару меҳмоннавоз, аз тифлон то пирони баркамолрасида, инчунин ҳамдиёрони бурунмарзии ноҳияи Ишкошимро ба шарофати иди байнамилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, барои якояки Шумоён пеш аз ҳама ҷомеаи амну осоишта, сиҳатмандии комил, умри бардавом ва рӯзгори пурсаодату ободро хоҳонам.
Аз лавҳаҳои таърих дур нест, ки аҷдодони соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо таҷлили ҷашни Наврӯзро ҳанӯз аз замонҳои қадим ҳамчун фоли нек, тамсили бахтофарин, сарчашмаи пурфайзи сол, давраи зиндашавии табиат бо дили поку орзуҳои нек бо беҳтарин таманниёт, расму суннатҳо ва оинҳои нек, дуои хайру эҳсон таҷлил менамуданд.
Наврӯз бо ҷилои суннату оинҳои мардуми фарҳангпарварамон рушду такомул ёфта, бо гузашти асрҳову солиёни зиёд дар байни русум ва оинҳои халқиятҳои мухталифи сайёра мақому манзалат касб намуда, инсониятро ҷониби арзишҳои воло, захираҳои ахлоқиву маънавӣ роҳнамоӣ намудааст.
Қобили қайд аст, ки мардуми шарафманду сарбаланди Ишкошимзамин ин мероси пурбаҳову фарҳанги бойи ниёгонамонро бо суннатҳои асилаш тайи садсолаҳо ҳифз намуда, ҳамасола бо сидқ ва самимият иди Наврӯзро таҷлил менамоянд.
Омад – омади ин ҷашни пурифтихор синаҳоро аз кибру ғурур, кина ва дидаҳоро аз адовати сол тоза менамояд. Инсонҳо барои хонадони якдигар, хешу ақрабо, ёру дӯстон, хонаободӣ, рӯзгори нек ва бахту саодатро орзу менамоянд. Нигоҳи гарму тоза, рухсори гулгуни наврӯзӣ ва гуфтани “Шогуни баҳор муборак” маҳз маънии ҳамин гуфтаҳост.
Таҷлили ин ҷашни хотирмону муқаддас, дарки худшиносиву ватанпарастии мардуми диёри азизамон буда, бори дигар меҳри Модар – Ватанро дар қалбҳо бедортар менамояд.
Дар саҳифаи навини давлатдориамон хуб сабт ёфтааст, ки фарзона фарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мунтазам баҳри эҳё ва таҳким бахшидан ба анъанаҳои миллӣ, аз он ҷумла ба қисмати ҷудонопазири таърихии миллати тоҷик-Наврӯз диққати зарурӣ дода, он ҳамчун мероси маънавии инсоният ба феҳристи ёдгориҳои ғайримодии Созмони Миллали Муттаҳид шомил гардид.
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон оид ба ҷашни Наврӯз қайд намудаанд:“Ҷашни бостонии Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо рӯҳияи замони муосир созгор намуд”. Воқеан Наврӯз василаи якдилӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ миёни одамон буда, омили наздикшавии муҳити андешаву афкори қавму миллатҳои ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.
Дар фарҷом бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Ишкошимро ба фарорасии ҷашни Наврӯз сидқан табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо хонаи ободу давлати баркамол, сиҳатмандӣ, барори кору хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Сарбаланду хонаобод бошед!
Наврӯз муборак!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Апрел 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Мар   Май »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 003
  • 530 183
  • 99 703
  • 347
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet