Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он шоҳкориву корномаҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин намунаи фаъолиятҳои созанда ва таваҷҷуҳи воқеӣ ба масоили глобалӣ буда, ҳар ташаббусу иқдоми Роҳбари давлат маҳз барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст ва албатта, ба имрӯзу ояндаи афроди ҷомеа бағоят муҳим мебошанд.
Волотарин хислатҳои неки башарӣ, самимияту муҳаббати бекарон ба ҳамватанон, устуворӣ дар корҳои созанда, инсонмеҳварӣ дар ҳар масоил ва дастгирии ҳамешагии ниёзмандон аз хислатҳои хоси Пешвои миллат буда, Сарвари давлат барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва дорои ахлоқу маънавиёти баланд, ватандӯсту хештаншинос пайваста талошҳои бемислро ба харҷ медиҳанд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар ин росто дар кишвар барномаҳои бисёре татбиқ гашта, озмуну чорабиниҳои зиёд баргузор мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва мақсаду мароми нек дар фазои сулҳу субот, эҳтироми гуногунандешии сиёсӣ, ризоят ва Ваҳдати миллӣ дар роҳи рушду таҳкими пайвастаи пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худ қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, пешниҳоди ташаббусҳои созандаи кишвари мо оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳамкорӣ бо созмонҳо байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон, таҳкими мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, онҳо беш аз беш тақвият ёфта истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббату садоқати ватандӯстонаашон Тоҷикистонро байни ҷаҳониён дар масъалаи мушкилоти обу иқлими сайёра ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.
Тоҷикистони азиз дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат рӯи даст омаданд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам мешиносанд ва эътироф менамоянд. Бе муболиға, мо бо ифтихор метавонем иброз намоем, ки Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи Президенти кишварамон ҳамчун давлати мустақил ва рӯ ба инкишоф рушд карда истодааст.
Воқеан, дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди халқу меҳан, миллат ва таърих чун Президенти кишвар ва таҳиягари сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварамон идома дода, ташаббусу ибтикорҳои пайваста дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои об дар ҷаҳон маъруфияти бештар пайдо намуданд.
Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи сайёра, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳар ду ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат карор дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷиби ироашуда ва ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар масъалаи об якдилона қабул гашт. Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, рӯзи 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардид.
Ин ва дигар иқдомҳои охири ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон аз сиёсати оқилона ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати мамлакат, хоссатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ дода, пазируфта шудани пешниҳодҳои мо воқеан боиси ифтихори ҳар яки мост.
Назарзода Душанбе – муовини раиси ноҳияи Ишкошим