Санаи 22 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови маркази ноҳияи Ишкошим бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Назарзода Душанбе иштирок намуда, ҳамаи мардуми сарбаланду меҳнатдӯст, инсонпарвару меҳмоннавози ноҳияи Ишкошимро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуд.
Дар ҳавлии хонаи фарҳанги маркази ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумии ва таомҳои миллӣ ба марази тамошо гузошта шуд.
Дар чорабинии мазкур бархе аз фаъолон, собиқадорону ҷавонон ва варзишгарони ҷамоати деҳот бо Ифтихорномаи Раиси ҷамоати деҳот сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангии санъаткорони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков идомабахши тантанаи Наврӯзӣ гардид.