Санаи 19-марти соли 2023 бо иштироки муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ, Ҳоким Қаландариён дар Ҷамоати деҳоти Вахон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Вахон меҳмононро ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, собиқадорони меҳнат, аҳли бошандагони Ҷамоат, аҳли фарҳанги ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.
Дар даромадгоҳ ва Наврӯзгоҳи ноҳия аз ҷониби аҳли заҳмати ноҳия, дастранҷи деҳқонону косибон, зардӯзону гулдӯзон, дуредгарону оҳангарон ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Нахуст, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло ва ҳайати ҳамроҳон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баромад намуда, кулли мардуми равшанзамири ноҳияи Ишкошимро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки ноҳияи Ишкошим бо дастовардҳои фарҳангию илмӣ ва эҷодии худ дар таърих дорои ҷойгоҳи махсус буда, имрӯз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ки аз давраи бостон боқӣ мондаанд, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ин водии бузурги тоҷикнишин дар рушду инкишоф ва ҳифзи фарҳанги волои миллӣ нақши калон дорад. Аз он ҷумла, ойинҳое, ки махсус ба Наврӯз тавъаманд, бештару беҳтар маҳз дар ҳамин гӯшаи Тоҷикистон сифату аломат ва хусусиятҳои бостонии худро нигоҳ доштаанд.
Мардуми ноҳия аз моҳият ва мазмуни ойину анъанаҳои наврӯзӣ огоҳии комил доштанд ва кӯшиш менамуданд онҳоро риояю ҳифз ва аз насл ба насл вогузор намоянд, зеро ин маросиму ойинҳо ҳаёту фаъолияти мардумро ба танзим дароварда, муносибат, муошират, умуман, ахлоқу зебоипарастии онҳоро мураттаб сохта, ваҳдату ҳамгироии ҷомеаро дар пешорӯи ҳар гуна хатару офатҳо таъмин месохтанд.
Яке аз суннатҳои дигар ин эҳтиром гузоштан ба чор унсури табиат, махсусан, об мебошад.
Дар ин росто, бо ифтихор бояд тазаккур дод, ки соли гузашта ташаббуси навбатии таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат, дар мавриди эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ироа шуд, аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул гардид.
Бо такя ба дастовардҳои ноҳия, қайд шуд, ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола аз ҷониби давлат ва мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия зиёда аз 59 иншоот сохта ба истифода дода шуданд.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат сохтмон ва таҷдиди 104 объекти таъиноти гуногун ба маблағи 165 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз он ҷумла, барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ки ноҳияи Ишкошим аз онҳо хеле бой мебошад, маблағҳои калон ҷудо гардидаанд. Танҳо барои барқароркунии қалъаи Ямчун зиёда аз 50 млн сомонӣ ҷудо гардид.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло баромад намуда, кулли мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Дар арафаи Иди Наврӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим як мошини ёрии таъҷилӣ, се автобуси мусофиркашонӣ, дастгоҳву таҷҳизоти тақвияти овоз барои аҳли фарҳанги ноҳия ва 30 адад мошинаи дӯзандагӣ тақдим гардиданд, ки дар рафти чорабинӣ аз тарафи раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳон ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия супорида шуданд.
Дар ин рӯз чун анъана аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳияи Ишкошим 2 адад тӯйи арӯсию домодӣ ва 14 нафар хатнасури кӯдакон аз оилаи ниёзманд гузаронида шуд.
Як қатор собиқадорони соҳаи меҳнат, кормандони идораву муассисаҳо дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия пешкаши ҳозирин гардонда шуд.