Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №541“Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ҷавонписарони ноҳияи Ишкошим ба нуқтаи даъвати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.
АҲСАНУ ОФАРИН БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТУ САОДАТМАНДИ ДИЁР, КИ БО АЗМУ ИРОДАИ ШИКАСТНОПАЗИР ОЗИМИ ҲИМОЯИ ВАТАН ШУДАНД.
Дар ноҳияи Ишкошим дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ 43 нафар даъватшавандагон, ки 100 фоизи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбиро ташкил медиҳад, пас аз муоинаи тиббӣ қобили хизмат дониста шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
ЁДОВАР БОЯД ШУД, КИ ЧАНД МАВСИМИ ДАЪВАТ АСТ, КИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ИХТИЁРОНА БА НУҚТАИ ДАЪВАТ БАРОИ АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҲОЗИР ШУДА, НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБИРО ДАР РӮЗИ АВВАЛ ПУРРА ИҶРО МЕНАМОЯНД.