• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 06.03.202306.03.2023 by ishkoshim

Кимиёкунонии зироаткорӣ яке аз омилҳои пуриқтидор ба ҳисоб рафта, дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон имрӯз 50%-и афзоиши ҳосил бо истифодаи нуриҳо вобастагӣ дорад. Аммо низоми дурусти нуриандозӣ ин асоси чораҳои агрономӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, беҳтар гардонидани сифати маҳсулот, маҳсулнокии меҳнат дар хоҷагидорӣ мебошад ва яке аз ин нуриҳо, нуриҳои маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд.
1. Нуриҳои маҳаллӣ
2.Истифодаи пору
3. Саргини паррандаҳо, компостҳо, нурии сабз
Нуриҳои маҳаллӣ: Пору, торф, саргини паррандаҳо, компостҳо, нурии сабз ва ғайраҳо нурии органикиро ташкил медиҳанд. Дар байни нуриҳои органикӣ пору нурии асосӣ ва ҳамаҷониба паҳнгардида ба шумор меравад. Нуриҳои органикиро дар хокҳои хокистаранг ва бури Тоҷикистон бештар истифода мебаранд ва на танҳо манбаи ғизогирии решагӣ, балки омили беҳтар гардонидани хусусиятҳои хок мебошад. Дар мавриди ба хок андохтани нурии органикӣ, гумуснокии хок меафзояд, режими биологӣ, физикӣ, кимиёвӣ, обӣ ва ҳавоии хок беҳтар мегардад.
Истифодаи пору: Пору ин нурии ахлотии органикии ҳайвонот мебошад. Меъёри истифодаи пору дар шароити Тоҷикистон мухталиф буда, он аз зироати киштшаванда, пешинакишт ва хусусиятҳои хок вобастагӣ дорад. Пору бештар дар зироатҳои сабзавотӣ ва дигар зироатҳо байни қаторашон нармшаванда ба ҳисоби 25-30 т/га (сабзавот то 40) андохта мешавад. Пас аз пошидани пору ба замн онро фавран бояд зери хок намуд. Вобаста ба шароити минтақаи чуқурии зери хок намудани пору 25-30 см ва аз он зиёд шуданаш мумкин.
Барои истифодаи самараноки моддаҳои ғизоии пору андозаи он набояд аз бузургии оптималӣ зиёд бошад. Меъёри поруро одатан дар асоси талаботи зироат ба нитроген ва мавҷудияти он дар пору муайян месозад, чунки нитрогени пору ба миқдори ҳосил таъсири бағоят калон мерасонад. Дар заминҳои обӣ истифодаи пору ҳатмист ва самараи он хело ҳам зиёд аст.
Дар минтақаҳое, ки поруи нимпӯсидаро истифода мебаранд ба хок таъсири хуб мерасонад. То ба охир пӯсидани пору мувофиқи мақсад нест, чунки дар ин ҳолат миқдори зиёди нитроген, фосфор ва модаҳои ғизои талаф меёбанд. Дар натиҷаи тоза намудан замин аз алафҳои бегона ҳосили зироатҳо дучанд мегардад. Таъсири пору дар кишт на танҳо дар кишти зироати якум, балки дар зироатҳои баъдан кошташаванда низ дар тӯли чанд сол дида мешавад.
Самараи пору дар соли аввали таъсир ва баъди он бо як қатор шароит муайян карда мешавад, пору дар хокҳои гилхок суст пӯсида ба ҳосил чанд сол таъсир мерасонад. Дар хокҳои регхок бошад бо сабаби тез пӯсидани пору таъсири он ба ҳосил 1-2 сол давом дорад.
Саргини паррандаҳо:Саргини паррандаҳо ва хусусан саргини мурғ аз рӯи сифати ғизоӣ нисбат ба поруи чорво афзалият дошта, аз рӯи зуд таъсирнокиаш аз нуриҳои менералӣ фарқият надорад. Саргини парандаҳои обӣ бошад аз рӯи миқдори моддаҳои ғизоии пору фарқият надоранд.   Дар як сол аз 100 сар мурғ 6-7 сент саргин ҷамъ кардан мумкин аст. Миқдори моддаҳои ғизоӣ дар саргини парранда аз намуди хӯроки хӯрдаи вай вобастагӣ дорад.    Саргини парранда дар таркибаш микроэлементҳо аз 100г моддаи хушки он, 15-38мг манган, 12-39мг синк, 1-1,2 кобалт 1-2,5мг мис ва 300-400мг оҳан иборат мебошад.    Саргин бо часпакиаш фарқ мекунад, аз ин хусус онро бо техникаи мавчудазери хок кардан душвор аст. Саргинро бо мошинҳои махсуси РМУ-3 дар кишти зироатҳои қатори, картошка ва сабзавот аз рӯи андоза 4-5т/га ва дар зироати ғаллагӣ 2-2,5т/га андохтан лозим аст. Муддати дуру дароз нигоҳ доштани саргин дар тӯдаҳо моддаҳои ғизоӣ талаф меёбанд. Азбаски саргин нурии нитрогендор ва фосфордор мебошад, ҳангоми истифода бурданаш зарурат ба нурии калидор пайдо мешавад.
Компостҳо: Компост нуриест, ки дар натиҷаи таҷзияи омехтаи моддаҳои гуногуни органикӣ (табиаташон наботӣ) ё партовҳои камуналӣ ба даст меоранд. Масолеҳи асоси барои компост ин пору, саргини парранда, торф, решаю пояи растаниҳо, барги дарахтон, аррамайда (апилка), ему хошоки вайроншуда ва ғайра. Дар таркиби 1сент компости ахлоти 0,44% нитроген, 0,13% фосфор ва 0,92% калиӣ мавҷуд мебошад. Миқдори истифодаи компост дар зироаткорӣ 20-30 т/га мебошад. Меъёри истифодаи компости ахлотию барои ғаллазор 5-7т/га дигар зироатҳо 10-12 т/га мебошад.
Нуриҳои сабз: Нуриҳои сабз (сидерантҳо) ин зироатҳои кишоварзӣ буда, ба зери хок кардани онҳо, массаи сабзи онҳо ба сифати нурии сабз парвариш карда мешавад. Нурии сабз манбаи асосии гумус ва нитроген дар хок мебошад. Ҳангоми зери хок намудани массаи сабзи зироатҳо 30-40 т/га ба хок 150-200 кг нитроген ки он ба 30-40 тонна пору баробар аст. Нурии сабз хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикию кимиёвӣ физикии хокро беҳтар намуда онро бо моддаҳои органики бой мегардонад.
Дар баробари порудиҳи тавсияи мутахассисони соҳа дар дар он аст, ки агротехникаи хуби зироат, коркарди хок, обмонии саривақтиро риоя намуда, ва дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ коркарди заминро ба роҳ монанд.
Ҳар қадаре, ки бештар дар заминҳои кишт меҳнат намоем маҳз давраи ҷамъоварии ҳосил натиҷаи онро ба даст хоҳем овард.
Наврӯзова Азиза мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Март 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Фев   Апр »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 004
  • 530 184
  • 99 703
  • 505
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet