Санаи 2- марти соли 2023 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо роҳбарону фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, даъвати ҷавононписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бомароми соҳаҳои хоҷагии халқ, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, тарбияи ватандӯстии насли наврас, вазъи сиёсӣ-геополитикии ҷаҳони муосир, хатарҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ-экстремистӣ, хурофотпарастӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги ба мо бегона, муборизаҳои иттилоотӣ бар зидди гуруҳҳои иғвоангез мулоқот доир намуд.
Баъди суханронии раиси ноҳия роҳбарону фаъолон, собиқадорону ҷавонон баромад намуда, фикру андешаҳои хешро вобаста ба масъалаҳои зигргардида баён намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ намуда, онро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор медиҳанд.