Санаи 23 феврал дар қисмҳои ҳарбии 0411-и қисми ҳарбии РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ва дар қисми ҳарбии 01123-и ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар алоҳида дидбонгоҳҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои сиёсӣ фарҳангӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Лозим ба зикр, ки дар баргузории ин чорабинӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммуҳамад иштирок дошта, ҳамаи ҳайати шахсии ин қисмҳои ҳарбиро табрику таҳният намуданд.
Дар зимн барои хизматҳои шоистаи якқатор сарбозону афсарон бо ифтихонормаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи Нақшаи чоарбиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солаги таъсисёбии Артиши Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 0411-и қисми ҳарбии РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ва дар қисми ҳарбии 01123-и ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозиҳои варзишӣ аз намуди бандкашӣ , давидан дар масофаи 100 метр ва бозии варзишии волейбол доир гардид, ки ғолибон бо Ифтихономаву мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидиданд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим барои сарбозону афсарон дасторхонӣ идона ороста шуд.
Барномаи фарҳангӣ идомабахшӣ чоарбинӣ буд.