Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар хонаи фарҳанги маркази ноҳия бахшида ба 30 солагии Артиши миллӣ чорабинии сиёсӣ ва ботантанаи ҷашнӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад баромад намуда, афсарону сарбозон ва тамоми сокинони ноҳияро ба 30-солагии Артиши миллӣ табрику таният намуданд.
Ба муносибати 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сарбозону афсарон бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин дар чорабинии болозикр ғолибони бозиҳои варзишии “Шоҳмот” ва “Футболи хурд” ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Артиши миллӣ баргузор гардиданд, бо маблағҳои пулӣ, ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва Ҷоми раиси ноҳия қадронӣ карда шуданд.