Бахшида 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми феврали соли равон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ишкошим АшамХолдорзода, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия ва занону модарони фаъоли ноҳия дар қисмҳои ҳарбии 0411-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 01123-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон вохӯрӣ баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода ва раиси Шӯрои куҳансолони ноҳия Шодустмамадова Бибиҳаво кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30-юмин солгарди рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз доштанд, хизматҳои шоистаи Шумо аст, ки модарону хоҳарон ва бонувони ноҳияи Ишкошим ва кулли мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу субот ва оромӣ ҳаёт ба сар мебаранд.
Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо барҳақ таъкид доштанд: хизмат кардан ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст, зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддастаринест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад.
Аз ҷониби модарони ноҳия барои ҳар ду ҳайати шахсӣ дасторхони идона ороста гардид.