Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дар ҳақиқат ҷавҳари ҳастии инсоният аз рӯзҳои аввали зуҳури одамон то ба имрӯз дар дониш, хирад, маърифат ва ақли комили инсон ифода меёбад. Бе дониши комил, бе маърифат ва бе ақли солим инсоният пешрафт надошта, давлат низ бидуни шаҳрвандони дорои маърифату дониши комилдошта пеш намеравад.
Дар пештоқи донишгоҳе дарАфриқои Ҷанубӣ паёми зерин навишта шудааст: “Нобудии ҳар миллат ниёзе ба истифода аз бомбаҳои атомӣ ё истифода аз мушакҳои дурпарвоз надорад.Танҳо чизе, ки лозим аст, коҳиши сифати таҳсилот ва иҷозати тақаллуб ба донишҷӯён дар имтиҳонот аст.”
Он гоҳ :
-Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд.
-Сохтмонҳо аз дасти чунин муҳандисон нобуд мешаванд.
-Пул аз дасти чунин иқтисоддонҳову ҳисобдорон гум мешавад.
-Башарият аз дасти чунин уламои дин нобуд мешавад.
-Адолат аз дасти пушти чунин вакилону додрасон аз даст меравад.
-Мудирият аз дасти чунин қонунгузорон барбод меравад.
“Суқути маориф-суқути миллат аст”.
Имрӯзҳо кишварҳои бузург илм,иттилоот,иқтисодиёт,техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсиашон табдил додаанд.Ва дар асари ҳамин чиз манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои таърихии чандинҳазорсола валангор шуда,ҳазорон нафар бегуноҳон қурбон мешаванд.Дар саргаҳи ҳамаи ин бенизомиҳо бесаводӣ,сатҳи пасти маърифат ва ҷаҳолати инсон қарор дорад.Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем,ки вазъи имрузаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд ёфтанро медиҳад.ки дар баробари сарҷамъу муттаҳид будан инчунин бояд дорои дониши баланд ва дарки воқеиятҳои ҷаҳони муосир бошанд, то ба ин васила тавонанд миллаташонро дар ҳама ҳолат ҳифз намоянд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нагарданд.Ташаккулёбии чунин халқу миллат кори осон нест.Ин раванди бардавому тулонии пешбурди корҳои тарбиявӣ аз оила,боғча,мактабҳо ва донишгоҳҳо буда, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ,зиёиён,ҳизбҳои сиёсӣ,Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ,шоирон,нависандагон ва ходимони дин аст.Танҳо ҳамин раванд метавонад миллатро аз хатарҳои ҷаҳоние ба мисли терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби имрӯза ҳифз намояд.
Инҳо нуқтаҳои асосианд, ки дар мақолаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор С.Ятимов дарҷ гардида, бори дигар собит сохтанд, ки дар саргаҳи рушду пешрафти ҳар як миллату давлат маориф мавқеи калидиро ишғол менамояд. Маҳз ҳамин омил буд, ки дар аҳди давлатдории Сомониён аҳли илму адаб ва зиёиёну равшанфикрон ба дарбори шоҳ Исмоили Сомонӣ гирд оварда шуда, мавриди эҳтиром ва иззат аз ҷониби шоҳи давр қарор дода шуданд. Профессор С.Ятимов дар мақолааш иллати заволи давлатдории аҷдодони моро ба ҷаҳолату нодонӣ нисбат дода, ҳушдор медиҳад, ки давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад.Аммо бо талошҳои шабонарӯзии сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин давлат барқарор ва пойдор гардид.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкд намудааст, ки имрӯз дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ асосан омода шудааст.Иқдомҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар роҳандозӣ гардида истодаанд, далели бебаҳси ин гуфтаҳоянд. Маҳз ҳидоятҳои Пешвои миллат аст, ки тӯли чор сол дар майдони саҳнаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, тамоми мардум аз хурд то бузурги кишвар донишварзӣ менамояд. Озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Тоҷикон -оинаи таърихи миллат”, ба тамоми хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфа намудани китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръони Карим” ба забони тоҷикӣ, намоиши фарҳанг, ҳунар ва тамаддуни миллати тоҷик дар давлатҳои Аврупо ҳамаи ин ба хотири фаҳмидан, дарк кардан, бохабар гардидан аз тамаддуну таърихи аҷдодон, арҷ гузоштан ба донишмандон, зиёиён ва бузургони илму адаби тоҷик ва албатта пайравӣ намудан ба он алломаҳои давр аст.
Профессор С.Ятимов таъкид бар он дорад, ки маҳз ҳамин донистанҳо мавқеи шаҳрвандии насли наврас, ҷавононро нисбат ба мафҳумҳои Миллат, Ватан, Хештаншиносӣ ва Худшиносии Миллӣ муайян месозанд. Ҷаҳонбинии ояндагони ҷомеаро ба зин дагии шоиста мутобиқ ва мувофиқ мекунонанд.
Хулоса, мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад”-и Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор С. Ятимов барои дарк намудани фаҳмиши “зиёии асил”, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии насли ҷавони кишвар ва дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо такони ҷиддие бахшида, моро водор месозад, ки дар соҳаи маориф ба тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳтиёткунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизу фидокори Ватани мо-Тоҷикистони азиз диққати ҳамешагӣ зоҳир намуда, ин кор бояд маҳаки асосии фаъолияти ҳамарӯзаи мо бошад.
Ашам Холдорзода муовини раиси ноҳияи Ишкошим