30-сол аст, ки ҳифзи марзу буми Ватан, бар дӯши афсарону аскарони шуҷои меҳан вогузошта шудааст, ки онҳо аз уҳдаи вазифаи дар наздашон гузошташуда, сарбаландонаю бомасъулиятона баромадаанд.
Ҳамасола санаи 23- феврал дар сар то сари кишвари азизу маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.
Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба Ватан, нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.
Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ, ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Аз ин ру бе дудилагӣ ҳар як падару модар фарзандашро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳидоят намуда, ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо барҳақ таъкид доштанд: хизмат кардан ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст, зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддастаринест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус буда, мактаби бузурги тарбия ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки вазифаи ҷонии ҳар як шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон- Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.
Хизмат кардани дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як нигоҳ агар ҳифзи марзу буми меҳан бошад, аз нигоҳи дигар ин мактаби шуҷоату мардонагист ва қарзи имонию виҷдонии ҳар як ҷавонмард мебошад.
Ҳамзамон, суханони пурҳикмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин садо доданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ, омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Дӯст доштани Ватан ва ҳимояи марзу буми он вазифаи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Чуноне,ки шоири ватандӯст ва ширинбаёни мо устод Саъдоншоҳи Улфатӣ садоқати хешро барои Ватан ва ҳифзи марзу буми он чунин баён намудаст:
Дилдодаи муҳаббати ту ай Ватан манам,
Сар дода бар садоқати ту ай Ватан манам.
Инак манам, ки ғайри ту Майҳан наҷӯстаам,
Фарзанди бошарофати ту ай Ватан манам.
Дар сангари муқобили бадхоҳи ҳар замон,
Ҳомии пур шуҷоати ту ай Ватан манам.
Рӯзе, ки баҳри ту агарат бошадам зарур,
Ҷонро фидо мусаллати ту ай Ватан манам.
Ман аз ту мисли дигарон чизе нахостаам,
Дар хӯрди ҳар қаноати ту ай Ватан манам.
Андар дифои ту сару ҷон дода Улфатӣ,
Саъдони пурнаҷобати ту ай Ватан манам.
Дар фарҷом кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, рӯзгори осуда, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, ба кишвари азизамон оромию осоиштагии ҳамешагӣ ва ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан матонату мардонагӣ ва садоқати аз ин бештарро орзу менамоям.
Ҳамеша сулҳу субот ва осоишии Тоҷикистони маҳбуб ҷовидон бошад.
30-юмин солагарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Душанбе Назарзода,
муовини раиси ноҳияи Ишкошим