Санаи 21-02-2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи понздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, ки вакил нестанд даъват шуданд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи понздаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаи зерин гузошта шуд:
1.Ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад “Дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии ноҳияи Ишкошим дар соли 2022”.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад раиси ноҳияи Ишкошим дар баромади худ оид ба натиҷаву дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии ноҳияи Ишкошим дар соли 2022 қайд намуда, афзуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим фаъолияташро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ба роҳ монда, дар соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян шудаанд, тадбирҳои амалиро рӯйи кор оварданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар баробари тезу тунд гардидани вазъи сиёсӣ, геополитикӣ ва иқтисодии ҷаҳон соли 2022 барои мардуми ноҳия бо дастоварду пешравиҳо соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ноҳия натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
Раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат нигаронида шудаанд, ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Дар давоми соли 2022 мардуми шарифи ноҳия тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талошҳои худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, инчунин вазифаҳо тибқи чор ҳадафи стратегии миллии пешбинишуда роҳандозӣ гардиданд..
Ҳамчунин Тайғуншоева Гулнора -вакил аз ҳавзаи интихоботии №29, Қурбонмамадов Мамадназар -вакил аз ҳавзаи интихоботии №18, Абдуллоев Лутфулло -вакил аз ҳавзаи интихоботии №20, Қурбоншоев Хубоншо-вакил аз ҳавзаи интихоботии №12,Сарабеков Қарачабек – вакил аз ҳавзаи интихоботии №16 ва Мансурхонова Сарфиямоҳ – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 5 суханронӣ намуда, таклифу дархостҳои интихобкунандагонро пешниҳод намуданд.
Раиси ноҳия таклифу дархостҳои вакилонро ба инобат гирифта, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо қайд намуданд, ки марҳила ба марҳила пешниҳодҳо қонеъ гардонида мешаванд.