• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 30.01.202330.01.2023 by ishkoshim

   Ё чаро волидон барои тарбияи фарзанд масъуланд?
   Ҳадафи асосии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин пурзӯр намудани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расонидани фарзандону ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо мебошад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба масъалаи бисёр муҳим, таҳкими корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакону наврасон дар оила ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо таъкид намуданд.
   Дар моддаи 5 бандҳои ва 2-и Қонуни болозикр низ дарҷ гардидааст, ки “вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор давлат ва ҷомеа мебошад”.
    Дар ин росто Расули акрам Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд:
” Беҳтарин меросе, ки падару модарон ба фарзандони худ боқӣ мегузоранд, ин албатта илму адаб ва тарбияи дурусти онҳост”.
Воқеан фарзанд бузургтарин неъмати атокардаи Худованд барои инсон аст. Ӯ меваи умри инсон, нерӯи дилу ҳаловати ҷон ва пеш аз ҳама номбардори падару модар, хонавода ва миллату ҷомеа ба шумор меравад.
   Аз ин рӯ, тарбияи фарзандон бевосита ба дӯши волидон гузошта шудааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки фарзандонро тавре таълиму тарбия диҳем, то онҳо фахри хонадон, Ватан ва миллату ҷомеа бошанд.
   Фарзанд баҳри падару модар мисоли ганҷи бебаҳост ва волидон масъуланд, ки онро чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ доранд, то он қимату баҳои хешро гум накунад.
   Ҳар як падару модар бояд шукргузор бошанд, ки Худованд ба эшон давомдиҳандаи наслашон, яъне
фарзанд ато кардааст. Аз ин лиҳоз, ба волидон зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҳамешагӣ зоҳир намоянд.
  Ба қавли бузурге:
                Мевае ширинтар аз фарзанд набувад дар ҷаҳон,
                То тавони ин самар бо рангу бӯйи хӯш расон .
    Аслан даврони кудакӣ олами зеботарини инсонӣ буда, тақдири ояндаи наслҳо ва камолоти онҳо аз ин овон маншаъ мегирад.
Тарбия бо дӯстдорӣ, меҳнати пайваста, донишандӯзӣ, меҳрубонӣ, ростию ҳақиқатпарастӣ, тозагӣ, зебоӣ, покию ҳалолӣ алоқамандии зич дошта, аз равандҳои бунёдии камолоти шахсият, маърифату ҷаҳонбинӣ ва омили асосии тақвияти хештаншиносӣ мебошад.
    Волидоне, ки моҳияти тарбияро дарк мекунанду фарзандонро дар ин масир ҳамроҳанд сарчашмаи хушбахтиро пайдо карда, зиндагиашонро рангин месозанду зиннат мебахшанд.
   Дар ҳақиқат фарзанди нек доштан, ин ҳам бойгарӣ ва ҳам хушбахтӣ мебошад. Аммо аз тарафи дигар, падару модаре, ки фарзандро тарбия намекунаду ӯ бо роҳи бад рафта, бедониш мемонад, бадбахтиро ба сари худ ва ҷомеа меорад. Аз ин хотир, ҳар як фарди хештаншинос бояд донад, ки дар назди фарзандаш барои тарбияи хуб вазифадор мебошад.
   Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таърих бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддунии давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас бевосита рабт дорад.
    Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чи аз нигоҳи қонун ва чӣ аз нигоҳи маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
    Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.
     Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғазолӣ дар “Насиҳат –ул-мулук” овардааст:
    ”Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.
                  Писар, ки нохалаф афтад, падар диҳад пандаш,
                  Падар, ки нохалаф афтад писар чӣ кор кунад?!
    Мадади мактабу аҳли ҷамъият дар оила ба тарбияи фарзандон ҳамешагӣ бояд бошад. Ривояте аст, ки падару модари ҷавон аз Абуалӣ ибни Сино пурсидаанд, ки тарбияи кудаки ҳафтрӯзаамонро аз кай оғоз кунем?
      Ӯ посӯх гуфтааст, ки алакай ҳафт рӯз дер кардед, зеро тарбия аз рӯзи таваллуд оғоз меёбад.
 Тавре мушоҳидаю таҳлилҳо нишон медиҳанд, иштибоҳи якхелаи бархе аз волидон дар таълиму тарбияи фарзандон асосан инҳоянд:
 1. Бедиққатӣ дар иҷрои супоришҳои хонагии фарзандон;
 2. Беҳамиятӣ ба тарзи либоспӯшӣ, хурокхӯрӣ ва муносибати кӯдак ба атрофиён;
  3. Робитаи суст байни муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон;
 4. Иштирок накардан дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои тарбиявии дар муассисаҳои таълимӣ ташкилкардашуда;
  5. Масъулияти худро бар дӯши омӯзгорон гузоштан;
 6. Иштирок накардан дар дарсҳои фарзандон, яъне воқиф набудан аз сифати донишомӯзии фарзандон.
Ҳадиси бузургон:
  “Ятим касе нест, ки падару модараш мурда бошанд ва ӯро бе паноҳ ва дармонда ба ҷойе гузошта бошанд, балки ятими воқеӣ он аст, ки модаре бе таваҷҷуҳ ва падаре саргарму машғул ба кору бори худ қарор дорад”.
   Яке аз вазифаи муҳими тарбиявии падару модар он аст, ки онҳо чунонн муҳити фароҳам созанд, то кудак ба қувваи ақлонӣ ва ҷисмонии хеш боварӣ пайдо кунад ва ба оянда бо назари нек бингарад.
  Дилсӯзию меҳрубонӣ қисми муҳими тарбияи кӯдак буда, падару модар вазифадоранд, ки аз кудакӣ фарзандро ба тамоми атрофиён, бародару хоҳар хешу табор, ҳамсоя ва ниҳоят халқу миллат ҳалиму меҳрубон ва дӯстдори мардум тарбия намоянд.
 Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо мо бояд пайваста фарзандонамонро дар оғӯш дошта, ҳалимию муҳаббат ва самимияти хешро аз онҳо дареғ надорем.
  Табиист, ки барои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд баъзан падару модар маблағҳои зиёдеро сарф менамоянд. Дар ин нуқтаи муҳими тарбия низ бояд раванди муътадили хароҷот барои инкишофи рӯҳию ҷисмонии фарзанд ба инобат гирифта шавад.
  Зеро хароҷот дар роҳи дурусти тарбияи фарзанд сарфшуда, ба оила ва падару модар даҳҳо маротиба боздеҳи хубу зиёдтар мегардад. Бо ибораи дигар, хароҷоте, ки барои инкишофи башарӣ сарф карда мешавад, аз ҳама хароҷоти мақсаднок ва дуруст ҳисобида мешавад, Зеро дар асл инкишофи зеҳнии одам ганҷинаи бебаҳост.
Ҳадиси бузургон:
  «Агар ту диноре дар роҳи Худованд, диноре дар озод кардани ғулом, диноре ба бечорагон ва диноре барои оилаи худат сарф мекунӣ, аз ҳама мукофоти баланд барои ҳамон динорест, ки барои тарбияи фарзандони худат сарф мекунӣ».
  Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: “Падару модарон барои тарбияи фарзанд масъуланд”. Яъне тарбияи фарзанд вазифаи муҳими волидон мебошад. Барои оиларо устувору хушбахт нигоҳ доштан волидонро пеш аз ҳама мебояд, ки аз илму ҳунар бархурдор бошанд.
   Чунки оила мактаби аввалини тарбияи фарзанд буда, агар дар ин зина каҷравие ба миён ояд, ислоҳи он минбаъд барои падару модар ва дар оянда ба муаллимони мактабҳо ҳам кори басо сахту душвор мегардад.
  Хулоса, ҳар як шахсе, ки ояндаи дурахшони кишварро орзу мекунад, бояд қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, баҳри риоя ва татбиқи бомароми он камари ҳиммат бандад!
 Душанбе Назаров, муовини раиси ноҳияи Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Январ 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Дек   Фев »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 70
  • 16 003
  • 530 183
  • 99 703
  • 336
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet