18.01.2023 Ишкошим
Тайи чанд рӯзи охир дар ноҳияи Ишкошим низ ҳарорати ҳаво сард гардида, яхбандиву монеаҳои зиёдеро ба бор овард.Дар баробари бомаротиб паст гардидани обу ҳаво омили маҳдудияти неруи барқ гардид, яъне оби дарёи Панҷ тамоман ях баста самти ҳаракати об ба канали неругоҳи барқии обии ба номи Некқадам Отамбеков кам гашт.
Бо мақсади аз назди шинос гардидан аз вазъ ва ҳолати неругоҳи барқӣ раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба мавзеи Дараи Санги деҳаи Намадгут сафари корӣ анҷом дод.Зимни боздид аз ҷониби роҳбари Комплекси энергетикии минтақавӣ Хусравбеков Шерафкан ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки талаботи ноҳия ба қувваи барқ 3,5 мегаваттро ташкил медиҳад.Новобаста аз сардии аз ҳад зиёд неруи барқ дар доираи имкониятҳо ба маҳаллаҳо дода мешавад.
Ҳамчунин кормандони неругоҳи барқии обии ба номи Некқадам Отамбеков шабонарӯз дар неругоҳ навбатдорӣ намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои омадани яхсел ва тоза намудани маҷрои об ба турбинаҳо кор карда истодаанд.