Ифротгароӣ ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш сарчашмаи муноқишаҳову даргириҳои зиёд мебошад. Омилҳои ифтротгароиву хурофотпарастӣ яке аз қисматҳои амалҳои террористӣ буда, барои ҷомеаҳои тинҷу ором ва кишварҳои босубот яке аз хатарҳои ҷиддӣ маҳсуб мешавад. Дар ҷомеаи муосир дар радифи шаклҳои гуногуни ифротгароӣ маҳз ифротгароии динӣ басо рушд намуда, гурӯҳҳои террористии байналмиллалӣ ва манфиатхоҳони геополитикӣ дар расидан ба ҳадафҳои ниҳонии худ бештар ба ҳамин шакли ифротгароӣ мебошад.
Дар иртибот ба ин масъала метавон қайд намуд, ки гуруҳҳои манфиатхоҳ, алалхусус хоинони миллати мо имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо овозаҳову буҳтонҳои дуруғашон маводҳои танқидӣ интишор меномянд.
Дар тимсоли ин гуфтаҳо чунин намакносипосону хоинони миллат ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳидин Кабирӣ, Анора Саркорова, Рустами Ҷонӣ, Ҳалим Шерзамон, Додоҷон Атовуллоев, Салмон Холиқов ва чанде дигар бо номҳои мустаорӣ имрӯзҳо берун аз хоки Тоҷикистони азиз истода, таҳти ҳидоятҳои хоҷагонашон шуру иғво намуда, худро ҷонибдору ғамхорӣ халқ мешуморанд.Аммо афсус, ки онҳо бо амалҳову мақсадҳои нопокашон нотинҷ намудани фазои амни ҷомеа мебошаду матлабашон танҳо манфиати шахсии худашон мебошад.
Халқи тоҷик баъди ҷанги шаҳрвандӣ хуб дарк намуд, ки душманони миллат бо ҳар роҳу васила мехоҳанд теша ба решаи миллати куҳанбунёди мо бизананд.Халқи тоҷик ба сафсатаву ёвагӯиҳои ин наҳзатиҳои шумнафас дигар заррае эътимод надоранд.Чунки онҳо қадри номус ва имони доштаашонро дар ивази маблағ фурухтаанд.Ё бо андешаи дигар қайд намоям онҳоро на Худо мебахшаду на бандаи Худо.
Рӯз то рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар қавитар гардида, ҳаёти сокинони кишвар ба таври шоиста роҳандозӣ гардидааст.Ҳадафҳои Стратегии давлат амалӣ гардида ин доғ ва ҳасрати ин хоинони миллат шуда истодааст.
Онҳо чун диданд, ки халқи Тоҷикистон нисбаташон эътимод надоранд онҳо ҷиҳати расидан ин иблис сифатон бо дуруғ ва авомфиребии худ бародарону хоҳарони моро, ки дар қаламрави Федератсияи Росия ва дигар мамоликҳо кору фаъолият доранд ҷамъ карданианд.
Ман ба ҳамаи ҳамватанон гуфтаниам, ки заррае ба гуфтаҳои онҳо бовар накунед, ақли солими худро ба кор бурда, бинед, ки оё онҳо дар ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоштаанд?
Аллбата не, онҳо аз пайи молу мансаб овораи ватан гардида, имрӯзҳо таҳти хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд вазъи ороми кишварро халалдор намоянд.Ланъат ба чунин заҳоксифатон.
Мо ҷавонони ноҳия дар баробари дигар ҷавонони қаламрави кишвар баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз омода, буда намегузорем чунин нохалафон ҳадафҳои нопокашонро пиёда созанд.
Мо ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҷавоби дандоншикан медиҳем. Шукронаи Тоҷикистони азизу ободамонро дорем.
Тоҷикистон ба пеш!
Нест бод душманони миллат!
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ишкошим Муминшоев Зинатшоҳ