Имрӯз дар маркази ноҳияи Ишкошим таҷлили 28 солагии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо баргузории роҳпаймоӣ оғоз гардид.Дар баргузории раҳпаймоӣ кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони маркази ноҳия Иштирок доштанд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 28 солагии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков бо Садо додани Суруди Миллӣ оғоз гардид.Дар рафти маҷлиси тантанавӣ Холдорзода Ашам муовини раиси ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозирин ва сокинони ноҳияро ба ин санаи таърихии дар давраи давлатдории навинамон табрику таҳният намуданд.Ҳамзамон дар баромади худ қайд доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз дар ҷомеа мақому манзалати хело воло дошта, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати мустақил, эҳёи таъриху фарҳанг ва расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Сипас мудири бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Султонбекова Фотима маърӯза дарҷ намуданд, ки саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ободиву созандии кишвари маҳбубамон ва сату сифати шоистаи зиндагии мардум бараъло дида мешавад.
Иззатшоева Маҳина муроҷиатномаи иштирокчиёни Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ҷавононро қироат намуданд.
Аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия якқатор фаъолони ҳизб бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин зиёда аз даҳ нафар кормандон ба сафи ҳизб қабул гардиданд.