Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати дар сатҳи баландӣ сиёсӣ-фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солагарди Иҷлосияи тақдирсоз дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия Ашам Холдорзода ва Назарзода Душанбе чорабинии тантанавӣ бо барномаҳои рангини фарҳангӣ ташкилу гузаронида шуд.
Нахуст дар роҳрави идораи шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим дастовардҳои муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия , МТМУ № 21;44 , осорхонаи назди муассисаи таълимии № 21 ва инчунин намоши китобӣ ба марази тамошо гузошта шуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда, сипас мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Муродмамадова Зумрад, китобдори шуъбаи маориф Муллоева Гулчаман ва сармутахассиси шуъбаи маориф Шарипов Маъруф доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Инчунин хонандагони муассисаи таълимии № 21;44 дар васфи Пешвои миллат, Ватан, Тоҷикистон ва Иҷлосия порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои № 1; 6 ва дастпарварони муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар фарҷоми конфронс муовини раиси ноҳия Назарзода Душанбе суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин соргарди Иҷлосияи тақдирсоз табрику шодбош намуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.